Аксари дорухонаҳо дар Узбекистон нуқтаҳои хурде ҳастанд.
Бисёре аз соҳибкорон дар ошёнаҳои аввали биноҳои истиқоматӣ, истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва бозорҳо дӯкон-дорухона боз мекунанд.
Дар сурати амалишавии Тартиботи нави назорати доруфурӯшӣ (GVP) ин дорухонаҳо маҷбур мешаванд, ё дӯконҳои худро банданд ва ё ба талаботи нав мутобиқ шаванд.
Ин талаботу тартибот баъди он роҳандозӣ мешавад, ки соли гузашта дар Узбекистон дар натиҷаи истеъмоли моеъи зидди сулфа 69 кӯдак фавтида буд.
Шуруъ аз 1 июл дорухона ва ширкатҳои дорусоз вазифадор мешаванд, ки тартиботи нигаҳдории доруҳоро бар асоси талаботи GVP ба роҳ монанд.