Ссылки доступа

Блогерони Узбекистон муваззаф шуданд, андоз супоранд


Блогерони Узбекистон аз 1 январи соли равон ба монанди соҳибкорони дигари ин кишвар андоз месупоранд.

Бар асоси қонунгузории Узбекистон, блогероне, ки ҳаҷми даромадашон аз 1 миллион сӯм бештар аст, ҳамчун соҳибкори инфиродӣ бояд андоз супоранд.

Низоми андозбандии блогерон дар Узбекистон дар пасманзари ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудани як қатор блогерону фаъолони маданӣ бо гумони "таҳқир"-у "дуздӣ" ҷорӣ мешавад.

Мақомоти Узбекистон мегӯянд, блогерон барои фаъолияти ғайриҳирфаӣ ва ҷиноятҳои моливу иқтисодӣ зиндонӣ шуданд. Ба назари блогерони Узбекистон, қоидаи нав боиси боз ҳам маҳдудтар шудани озодии баён дар ин кишвар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи блогери узбекистонӣ Зафар Солиҷонов, ҳукумати кишвараш, ки ҳаҷми даромади блогерҳоро мехоҳад назорат кунаду аз он бохабар аст, бояд маълумот дар бораи даромади мансабдоронро низ расонаӣ кунад, то маълум шавад, ки харҷи онҳо бо даромадҳояшон то куҷо баробар аст.

Қонун дар бораи эъломияи даромади мансабдорони Узбекистон 7 сол аст, ки дар порлумони он кишвар дар ҳоли баррасӣ мебошад.

XS
SM
MD
LG