Рӯзноманигор Инобат Ахатова рӯзи 18 ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки вай бо дугонаҳояш натавонистааст, шом вориди қаҳвахонаи Sahil Street Food (Sahil Truck) шавад. Рӯзноманигор нақл кард, кормандони қаҳвахона ба вай гуфтааст, баъди соати 22:30 дақиқа ба занҳо ворид шудан ба қаҳвахонаи мазкур манъ аст.
Ахатова дар ин маврид ба мақомоти Узбекистон шикоят кардааст. Дар натиҷаи шикояти вай додгоҳ рӯзи 29 ноябр соҳиби қаҳвахонаи Sahil Street Food-ро ҷарима бастааст.