Сокини ноҳияи Юқоричирчиқи Тошканд Илдар Хайрулин бар асоси банди "Зархаридӣ" айбдор дониста шудааст. Бино ба маводи парванда, Хайрулин солҳои 2014-2015 дар ҳудуди Украина дар "ҷангҳо бар зидди неруҳои мусаллаҳи он кишвар" иштирок кардааст.
Муфаттишон дар додгоҳ ҳамчун далел аксҳо аз саҳифаи "Миротворец"-ро дар Интернет пешниҳод кардаанд. Дар аксҳо дида мешавад, марде монанд ба сокини вилояти Тошканд дар даст силоҳ ва дар тан либоси низомӣ дорад. Наздикони маҳкумшуда гуфтаанд, дар аксҳои "Миротворец" воқеан ҳам Хайрулин аст ва ӯ бо силоҳ ва либоси низомӣ акс гирифтааст.
Сомонаи украинии "Миротворец" бо ифшои шахсияти зархаридоне маъруф аст, ки ба ҷонибдорӣ аз артиши Русия меҷанганд. Аммо маълумоти ин сомона расмӣ ҳисоб намешавад.