Вакили дифои сиёсатмадор Майрамбек Жумабеков гуфт, як сокини маҳаллӣ бо номи Чингиз Абдумомунов ба пулис шикоят кардааст, ки соли 2015 ба "Бутун Қирғизистон" 50 ҳазор доллари амрикоӣ дода буд ва ҳоло мехоҳад онро баргардонад.
"Мадумаров гуфт, ки аз он замон 8 сол гузаштааст ва дар ин бора чизе намедонад. Ҳизб ҳам аз номзадҳо пул намегирад ва дар Оинномаи ҳизб низ чунин меъёр вуҷуд надорад", - изҳор дошт вакили дифоъ.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон то ҳол бозпурсии Мадумаровро шарҳ надодааст.
Мадумаровро рӯзи 2 сентябр неруҳои махсуси Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон дар шаҳри Бишкек боздошт карданд. Бегоҳи он рӯз додгоҳ ӯро то 24 октябр ба ҳасби пешакӣ гирифт.
Вакили мудофеъ Гуляна Убалиева гуфт, ки сиёсатмадорро дар "хиёнат ба давлат" гумонбар мекунанд. Вай тасдиқ кард, парванда ба санади марбут ба қитъаи Торт-Кочо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон рабт дорад, ки Адахан Мадумаров дар замони котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон буданаш дар соли 2009 имзо кардааст.