Ссылки доступа

Украина аз Қирғизистон хост, хабари нақзи таҳримҳоро шарҳ диҳад


Сафири Қирғизистон дар Киев Идрис Қодирқулов 20 июл ба Вазорати умури хориҷии Украина даъват шудааст.

Тибқи иттилои сомонаи Вазорати умури хориҷии Украина, ба даъвати сафир хабарҳо дар бораи он ки Русия гӯиё барои давр задани таҳримҳо, аз ҷумла харидории техника ва маҳсулоте, ки барои истеҳсоли силоҳ лозим аст, аз Қирғизистон истифода мекунад, сабаб шудааст.

Масъулони Вазорати умури хориҷии Украина аз сафири Қирғизистон хостаанд, ки ин хабарҳоро шарҳ диҳад. Дар мулоқот таъкид шудааст, ки "Украина аз Қирғизистон ба Русия содир шудани маҳсулотеро, ки дар таҷҳизоти низомӣ истифода мешавад, ҳамчун амали ғайридӯстона ва ҷонибдорӣ аз ҷанги Украина алайҳи ин кишвар қабул хоҳад кард".

Вазорати молияи ИМА рӯзи сешанбе 4 ширкати қирғизистониро барои интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард. Аз ширкатҳое, ки таҳрим шудаанд "RM Design and Development", “ГТМЕ Технологии”, “Прогресс лидер” ва “Карголайн” ном бурда шудааст.

Қаблан нашрияи "Вашингтон пост" рӯзи 18 июл навишт, ки маъмурияти президенти ИМА барои ҷорӣ кардани таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Қирғизистон омодагӣ мебинад. Ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқоли молҳои таҳримшуда ба Русия тавассути Қирғизистон сурат мегирад. Нашрия ба мусодираи 14 ҳавопаймои бесарнишини чинӣ дар Қазоқистон ишора кардааст. Ин бесарнишинҳо аз Қирғизистон ба Русия интиқол дода мешуданд.

XS
SM
MD
LG