Қазияи ин марди 62-сола аз тарафи Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон тафтиш шуда, дар назар аст парванда рӯзҳои наздик ба додгоҳ ирсол шавад. Пайвандони мудири мактаб иттиҳомро қабул надоранд.
Як манбаъ дар идораи пулиси Хатлон рӯзи 19-уми июл ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки Н.Н, ки мудири мактаб буд, ба як хонандаи 16-сола дастдарозӣ кардааст.
Ба гуфтаи манбаъ, тафтишот пас аз шикояти ҷабрдида дар авоили моҳи июн шурӯъ шудааст.
"Феълан Н.Н дар боздошт аст ва нисбаташ бо моддаи 139, қисми 2 банди Д, яъне ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ноболиғ парванда боз шудааст. Ҳарду тарафро муфатишони милиса пурсиданд ва бояд рӯзҳои наздик тафтишаш анҷом шуда, парванда ба додгоҳ равад”,--гуфт мусоҳиби мо.
Дар сурати исботи гуноҳ, Н. Н. мумкин аст аз ҳафт то дувоздаҳ сол зиндонӣ шавад.
Пайвандони ин мудири мактаб иттиҳомотро беасос медонанд. Яке аз бастагонаш, ки нахост, ки аз ӯ ном барем гуфт, мудири мактаб 62 сола аст, ва бовар кардан душвор аст, ки ӯ ба чунин амал даст бизанад.
Дар гузашта низ боздошти омӯзгорон ба гумони озори ҷинсӣ ва таҷовузи хонандагон расонаӣ шуда буд.
Аз ҷумла, ду сол пеш омӯзгори як мактабро дар Душанбе ба гуноҳи таҷовузи хонандае ба 17 сол зиндон маҳкум карда буданд.
Тирамоҳи соли 2019 додгоҳи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Норакро бо гуноҳи, ба истилоҳ, рафтори шаҳвонӣ, 17,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.