Ссылки доступа

Гуфтугӯи Узбекистон, Покистон ва Афғонистон барои бунёди роҳи оҳани "Фароафғонӣ"


Марҳилаи ниҳоии гуфтугӯи Узбекистон, Покистон ва Афғонистон барои иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани "Фароафғонӣ" дар шаҳри Тошканд оғоз шуд.

Хадамоти матбуотии ширкати "Узбекистон темир йӯллари" иттилоъ додааст, ки ҷонибҳо механизми ҷалби сармоя, сохтмон, ҷузъиёти техникӣ ва муҳлати иҷрои тарҳро баррасӣ мекунанд.

Сохтмони роҳи оҳани "Фароафғонӣ" қарор буд, моҳи сентябри соли 2021 оғоз шавад. Вале он ба далели сари қудрат омадани гуруҳи Толибон дар моҳи августи он сол ба таъхир афтод.

Арзиши тахминии бунёди роҳи оҳани "Мазори Шариф – Кобул – Пешовар" 5 миллиард доллар гуфта мешуд. Аммо котиби роҳи оҳани Покистон Зафар Ранҷа дар моҳи декабри соли 2022 гуфт, арзиши нави тахминии лоиҳа 8,2 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Роҳи оҳани "Фароафғонӣ" тахминан 600 километр дарозӣ дорад ва роҳи Узбекистону кишварҳои минтақаро ба бандарҳои Покистон боз мекунад.

XS
SM
MD
LG