Сухангӯи Пентагон Сабрина Синг гуфт, ҳавопаймоҳо ва як киштии ҷангӣ ба хотири таъмини амният дар роҳҳои баҳрӣ ба минтақаи Ховари миёна фиристода мешаванд.
Ба ин тасмими вазири дифои Амрико Ллойд Остин талошҳои ду ҳафта пеши Эрон барои ғасби ду киштӣ дар обҳои байналмилалӣ дар гулӯгоҳи Ҳурмуз сабаб шудааст.
Нашрияи "Wall Street Journal" қайд карда, ки Пентагон дар баробари иқдомҳои Эрон аз амалҳои сершумори иғвогаронаи ҳавопаймоҳои Русия дар осмони Сурия низ дар тавшиш аст.
Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймоҳои Русия ба амалиёти бесарнишинҳои амрикоӣ зидди гуруҳҳои тундрав дар Сурия монеа эҷод кардаанд.