Ссылки доступа

Русия хуруҷи душаҳрвандиҳоро маҳдуд кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Русия хуруҷи душаҳрвандиҳоро маҳдуд кард.​ Аз Русия баромадани баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳамзамон шиносномаи русӣ доранд, маҳдуд шудааст. Чанде аз онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар ин бора тавассути барномаи давлатии “Госуслуги” огоҳӣ гирифтанд. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 23-уми майи соли 2023. ​Дар Хуҷанд муҳокимаи шаш марзбони муттаҳам бо азияти наваскарон оғоз ёфт, дар Белгород амалиёти артиши Русия ба муқобили ду гурӯҳи мухолифини ҳукумат ҷараён дорад, 14 ҳабси абад дар як сол дар Тоҷикистон, зардолуи Калифорния дар Хатлон (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 22-уми майи соли 2023.​ Бозгашти беш аз сад зану кӯдаки тоҷик аз Сурия, ирсоли табибон аз Душанбе барои муолиҷаи қурбониҳои таркиши балони газ дар Панҷ, афзоиши азияти муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва матолиби дигар (видео)

- "Заданд, ҷарима карданд, бо худ бурданд". Нерӯҳои вижаи пулис дар шаҳри Санкт-Петербург як гуруҳ аз муҳоҷиронро тафтиш ва иддаеро латукӯб ва боздошту ҷарима кардаанд. Онҳо дар сохтмони "Лахта Сентр", иншооти вобаста ба ширкати "Газпром", кор мекунанд. Ҳодиса соати дувоздаҳи рӯзи 19-уми май иттифоқ уфтодааст (видео)

- Видеои "ҳоп" чиро ошкор кард ва чӣ бояд кард? ​Чанде пеш навори латукӯби сарбозон дар артиши Тоҷикистон нашру паҳн шуд ва натанҳо хашми бисёриҳоро дар дохил барангехт, балки кишварро дар сархати расонаҳои ҷаҳон ҷо дод. Оё ин тарзи муносибат бо сарбозон баёнгари чист? (видео)

- ​Натиҷаҳои нишасти сарони Осиёи Марказӣ ва Чин.​ Дар ҳоле ки сарони ҳафт кишвари пешрафтаи саноатӣ дар Ҷопон роҳҳои пешгирӣ аз "фишори иқтисодӣ"-и Чинро меҷӯянд, Пекин мегӯяд, марҳалаи нав ва густардаи робитаҳояшро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ оғоз кардааст.

- ​"Аз Тангем беҳтар." Ба Кӯлоб шаш мусофирбари нав додаанд.​ Дар шаҳри Кӯлоб шаш автобуси нав ба кор сар кардааст. Мусофирбарҳо дар масири тӯлонитар ҳаракат мекунанд. Пештар мардум таксиву мусофирбарҳои хурди "Тангем"-ро истифода мекарданд. (видео)

- Нақли шоҳидони саркӯби хунин дар Рӯшон ва Хоруғ. ​Як сол пеш дар Хоруғ таҷаммӯи эътирозие оғоз шуд, ки баъдан мавҷи он то Рӯшон расид. Мақомот ба ин тазоҳурот бо эълони амалиёти, ба гуфтаашон, "зиддитеррористӣ" посух доданд. Дар натиҷа даҳҳо нафар кушта, садҳо нафар боздошту ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шуданд. Нақли ду шоҳида ҳодиса дар навор аст. (видео)

- Ахбори Озодӣ аз 16-уми майи соли 2023. Бонки ҷаҳонӣ сармоягузориҳояшро бо ҷилавгирӣ аз тағйири иқлим пайваст хоҳад кард, интизориҳо аз мулоқоти раҳбарони Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, наздикони зани аз латукӯб фавтида адолат мехоҳанд ва матолиби дигар. (видео)

- Александр Лукашенко дар куҷост? ​Александр Лукашенко, раҳбари худкомаи Беларус, рӯзи 14-уми май дар маъракаҳои бахшида ба Рӯзи парчаму нишон ва суруди миллии кишвараш иштирок накард ва ба оташи овозаҳо дар бораи хуб набудани саломатияш равған рехт. (видео)

- Марди 70-соларо барои "Like" боздошт кардаанд.​ Маъмурони амниятӣ як сокини бознишастаро дар шаҳри Исфара дастгир кардаанд, аммо шарҳ надоданд, ки чаро. Наздиконаш мегӯянд, ӯ баъди баҳс дар масъалаи даъвати ҷавонон ба артиш ба ифротгароӣ гумонбар шуд. Камолиддин Шарофови 70-соларо дар Боздоштгоҳи муваққатӣ дар Хуҷанд нигоҳ медоранд. (видео)

- ​Филми профессори амрикоӣ дар Тоҷикистон.​ Профессори амрикоӣ, Ричард Волф, мустанадашро дар бораи вижагиҳои мусиқии ду сӯйи Ому, Тоҷикистону Афғонистон, нишон медиҳад. Намоиш 16 май дар Душанбе хоҳад гузашт. Ҳунаршинос аз Ҳарвард дар филми худ аз риштаҳои гусаста, аммо дилҳои ба ҳам пайвастаи сокинони Тоҷикистону Афғонистон қисса мекунад. (видео)

- "Бархе хуб кор мекунанд, бархеи дигар не". Назари сокинони Тоҷикистон ба хадамоти тиббӣ ва кори пизишкон яксон нест. Иддае донишу кори табибонро ситоиш мекунанду дигарон аз гуё бепарвоӣ ва хадамоти пулакии онҳо шикоят доранд. 12-уми май рӯзи байнулмилалии ҳамшираҳои шафқат аст (видео)

- Оё таркиш дар НФС-и Душанбе дарс хоҳад шуд? Будани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии хонаҳо дар Тоҷикистон боис ба ташвиши мардум шудааст. Солҳои охир бар асари сӯхтор ва таркиш дар чунин нуқтаҳо чандин нафар ҷон бохтаву захмӣ гардиданд (видео)

- Мактабе бо як синф ва 14 хонанда дар Ёси Ваҳдат. Дар Тоҷикистон мактабе ҳаст, ки танҳо як синфхона дорад ва дар он хонандагони синфҳои гуногун якҷоя таҳсил мекунанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG