Бар асоси эълони Кумита аз 11-уми май нархи сафар барои як зоири тоҷик 59 ҳазор сомонӣ (5 ҳазору 406 доллар) муқаррар шудааст.
"Маблағи мазкур хароҷоти аввалияи зоиронро дар мавсими ҳаҷ, аз билети рафту баргашт то меҳмонхона дар Макка ва Мадина, қурбонии ҳоҷиён, бима ва боҷи давлатӣ дар бар мегирад,” -- омадааст дар хабарномаи Кумита.
Мақомот мегӯянд, сафари зоирони тоҷик барои адои ҳаҷҷи фарзӣ аз 10 то 20-уми июн сурат мегирад.
Ба муқоисаи намояндагони ҳукумати, нархи сафари ҳаҷ дар нисбат ба соли гузашта 1520 сомонӣ арзонтар аст. Соли гузашта Арабистони Саудӣ бинобар маҳдудиятҳои COVID-19 нархи хидматрасониро барои зоирон гарон карда буд.
Имсол Арабистони Саудӣ барои адои ҳаҷҷи фарзӣ ба Тоҷикистон 7 ҳазор квота ҷудо кардааст.
Кумитаи дини Тоҷикистон арзиши сафари ҳаҷҷи фарзиро барои имсол эълон кард.