Ссылки доступа

Мушовири сарвазири Қирғизистон бо гумони фасодкорӣ боздошт шуд


Темирбек Эркинов
Темирбек Эркинов

Раҳбари Бунёди рушди Маҷористону Қирғизистон ва ҳамзамон мушовири раиси Девони вазирони ин кишвар Темирбек Эркинов то 3 июли имсол ҳабс шудааст.

Дар ин бора қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 4 май содир гаштааст. Эркинов дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон нигаҳдорӣ мешавад.

Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки Эркиновро маъмурони амниятӣ дар доираи парвандаи фасодкорие боздошт карданд, ки пештар боз шуда буд.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон то ҳол боздошти мушовири сарвазири ин кишварро шарҳ надодааст.

Темирбек Эркинов бунёдеро раҳбарӣ мекард, ки моҳи ноябри соли 2021 таъсис ёфтааст. Буҷаи бунёд 50 миллиард доллар гуфта мешавад.

XS
SM
MD
LG