Пештар Қазоқистону Чин ҳангоми раъйдиҳӣ ба чунин ҳуҷҷатҳо худдорӣ мекарданд.
Раъйдиҳии ахир рӯзи 26 апрел баргузор шуд. Дар маҷмуъ ба ҷонибдорӣ аз "Ҳамкорӣ миёни СММ ва Шӯрои Аврупо" 122 кишвар раъй доданд, ки миёнашон кишварҳои ба Русия наздик, амсоли Арманистон, Ҳинд ва Бразилия низ ҳастанд.
Дар санади мазкур дар бораи "хушунати Русия зидди Украина, пештар аз ин нисбати Гурҷистон" ва "пардохти ҷуброн" ба зиёндидаҳо тазаккур дода шудааст.
Зидди санади мазкур панҷ кишвар раъй доданд. Ба ҷуз аз Русия - Белорус, Куриёи Шимолӣ, Никарагуа ва Сурия. Се кишвари дигари Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон худдорӣ варзиданд.
Намояндагони Русия дар СММ гуфтанд, ин санад хосияти сиёсӣ дорад.
Ҷанг дар Украина мавзуи асосии қатънома нест, аз ҳамин хотир маълум нест, ки раъйи мусбати Чину Қазоқистон ва дигар кишварҳо аз тағйири мавқеашон паём диҳад.