Ссылки доступа

Додгоҳ дар Қирғизистон як рӯзноманигорро дар паҳнсозии матлабҳои тундгароёна айбдор донист


Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 18 апрел рӯзноманигор Семетей Талас уулуро дар паҳнсозии матолиби тундгароёна айбдор донист. Дар ин бора аз маркази матбуотии додгоҳ хабар доданд.

Ба иттилои маркази матбуотӣ, рӯзноманигор шартан аз толори додгоҳ озод шудааст.

Ибтидои соли 2022 Семетей Талас уулуро дар доираи парвандаи "Паҳнсозии матолиби тундгароёна" барои бозпурсӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон даъват карда буданд. Он замон дар манзили рӯзноманигор кофтукоб анҷом шуда, мақомот китобҳои диниро бо худ бурда буданд.

1 ноябри соли гузашта Семейтро барои бозпурсии дубора ба вазорати корҳои дохилӣ бурданд ва баъди 48 соат ба ҳабси хонагӣ ирсол карданд. Талас уулу айби эъломшударо рад мекунад. Вай мегӯяд, як матлабаш дар фейсбук дар бораи Афғонистон, ки соли 2021 нашр карда буд, боиси боздошту бозпурсиаш шудааст. "Баъди он ки ман матлабро нашр кардам, касе ба ман навишт, ки оё намедонӣ ин сомона ба "Ҳизб-ут-таҳрир" рабт дорад? Гуфтам, ки намедонам ва баъди 20 дақиқаи нашр матлабро пок кардам. Аммо аллакай ман ба рӯйхати паҳнкунандагони матлаб шомил шуда будаам", - нақл кард рӯзноманигор.

Семетей Талас уулу рӯзноманигори мустақил аст ва бештар дар мавзуҳои ҷиноятҳои созмонёфта ва фасодкорӣ менависад.

XS
SM
MD
LG