Ссылки доступа

Дар Қазоқистон аз гароншавии маводи сӯхт хабар доданд


Вазорати энержии Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки қимати бензинро 11 дарсад ва қимати сӯзишвории дизелиро 20 дарсад боло барад. Дар ин бора вазири энержии он кишвар Болат Акчулаков рӯзи 3 апрел хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, ин тасмим "ба хотири коҳиши тафовути нархи сӯзишворӣ миёни Қазоқистон ва кишварҳои ҳамояаш" гирифта шудааст.

"Агар ҳоло фарқиятро аз байн набарем, пас дар ояндаи наздик ба камчинии саросарии сӯзишворӣ рӯ ба рӯ мешавем. Гузашта аз ин, арзонтар будани қимати сӯзишворӣ роҳҳои рушди ояндаи ин бахшро мебандад ва ба амнияти энержии кишвар таҳдид мекунад", - гуфт вазир.

Вай ҳамчунин афзуд, сарфи назар аз таъмиру таҷдид се корхонаи коркарди нафт ва афзоиши истихроҷи он дар соли гузашта, бархе аз минтақаҳои Қазоқистон камчинии сӯзишвории дизелиро эҳсос карданд. Ба гуфтаи вазир, Қазоқистон камбуди сӯзишвории дизелиашро бо қимати гаронтар аз хориҷ таъмин кардааст.

XS
SM
MD
LG