Ба иттилои ташкилкунандагон, "ҳадафи асосии маъракаи мазкур муттаҳидсозии намояндагони расонаҳо буд".
Пеш аз ин маърака "Платформаи фаъолияти расонаҳои Қирғизистон" бо нашри изҳороте онро танқид кард.
"Мақомот муайян карданд, ки кӣ метавонад аз моддаҳои Конститутсия дар мавриди озодии баён ва гуногунандешӣ истифода барад. Ниҳолҳои шинондашуда рамзи "озодии баён" дар як қитъаи муайяни Қирғизистон ҳастанд, ки метавонанд бидуни монеа баёни фикр кунанд ва аз оқибати он нигарон набошанд. Дар ҳоле, ки муҳокимаи Радиои Озодӣ дар додгоҳ идома дорад, сомона ва суратҳисобҳои он баста боқӣ мондаанд. "Фабрикаи ҷавоб" расонаҳо ва рӯзноманигорони мустақилро бадном месозанд. Фаъолони ҷамъиятӣ барои изҳори назарашон ҷаримаву ҳабс мешаванд. Шаҳрванди Қирғизистон ва рӯзноманигор Болот Темиров аз кишвар ихроҷ шудааст", - омадааст дар изҳорот.
Дар изҳороти созмони мазкур илова шудааст, ки мақомот бо қатъи фишор ба расонаҳо, рӯзноманигорон, блогерон ва фаъолони шаҳрвандӣ метавонанд, озодии баёнро ба кишвар баргардонанд.
Пештар созмони ҷаҳонии "Freedom House " дар гузориши солонаи "Озодӣ дар саросари дунё" бори севум Қирғизистонро ба рӯйхати кишварҳои "ноозод" шомил кард. Бино ба баҳогузории созмони мазкур, дар Қирғизистон ҳуқуқҳои сиёсӣ маҳдуд мешаванд ва расонаҳо зери фишор ҳастанд.