Ссылки доступа

Ҳомиёни ҳуқуқ раҳоии Хуршед Фозиловро талаб доранд (гулчин)


BOSNIA RAMADAN ISLAM BELIEF
BOSNIA RAMADAN ISLAM BELIEF

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳомиёни ҳуқуқ раҳоии Хуршед Фозиловро талаб доранд. Панҷ созмони ҳомии ҳуқуқи инсон аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, ки рӯзноманигори боздоштшуда Хуршед Фозиловро раҳо кунанд. (видео)

- "Ман Русия меравам, се баробари Тоҷикистон кор мекунам".​ Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсиданд, ки музди корашон ба зиндагӣ мерасад ва музди кори хуб чӣ қадар аст. Яке гуфт: “ Аз куҷо мерасад, намерасад. Посухи дигар ингуна буд: “Ман Русия меравам, се баробар кор мекунам.” Бақияи посухҳои ҷолибро худатон бубинед. (видео)

- Осиё: Толибон ба Тоҷикистон омаданд. (видео)

- Аз 100 то 5000 сомонӣ. Нархи кабк дар бозори Кӯлоб (видео)

- Осиё: оқибатҳои заминларза дар Тоҷикистон. (видео)

- Рӯза гирем ё саломатиро ҳифз кунем? Бо расидани моҳи Рамазон ҳамеша суоли доимӣ аз нав садо медиҳад, ки гирифторони бемориҳои музмин ё куҳнаву хроникӣ ба мисли бемории қанд, ё меъда бояд чӣ кор кунанд (видео)

- "Дур аз ватан ҷигархунӣ дорем". Оқомуҳаммади Хоксор ду сол боз ҷашни Наврӯзро дур аз зодгоҳаш, Афғонистон, таҷлил мекунад. Замоне ки Толибон ҳукуматро ба даст гирифтанд, ба Узбекистони ҳамсоя кӯчид. Ҳамоҳангсози як ширкат аст, вале мегӯяд, оромиш надорад (видео)

- Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Душанбе.​ Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон як ҳафта истироҳат эълон шудааст. Ин рӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни кишвар маърака ва маҳфилҳои наврӯзӣ ҷараён дорад. Рӯзи 21-уми март дар шаҳри Душанбе Наврӯзро чӣ гуна таҷлил карданд, дар навор бинед. (видео)

- Маоши муҳоҷирони тоҷикро дар Мариупол додаанд.​ Муҳоҷирони тоҷик дар Мариуполи ишғолии Украина гуфтанд, корфармо пас аз ду моҳи таъхир маоши онҳоро додааст. Дар бораи пардохт нашудани маоши наздик ба 300 муҳоҷир Радиои Озодӣ гузориш дод ва корфармо вокуниш кард. (видео)

- Осиё: натиҷаҳои интихоботи порлумонии Қазоқистон ва интизориҳо аз тағйирот. (видео)

- Шикояти сокинони як бинои нав дар Душанбе.​ Сокинони даҳ бинои навсохт дар маҳаллаи Навбаҳори Душанбе ба "дарди сар" гирифтор шудаанд. Гурӯҳе зери оби ҳоҷатхонаҳо монда, дигаре аз оби ошомиданӣ маҳрум. Мардум мегӯянд, биноҳо нотамоманду мушкил зиёд. Моликони баъзе аз ширкатҳо гуфтанд, масъулияти онҳо иҷро шудааст. (видео)

- "Ҳеч чиз иваз намешавад" ва "Ҳанӯз ҳам бовар дорем". Назарпурсии Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Қазоқистон. (видео)

- Ҳамватанонро "табрик" гуфт, аммо ба суолҳо посух надод. Чи гуна Назарбоев дар интихобот раъй дод. (видео)

- Мудири бемористони Сино аз фасоду ношаффофӣ гуфт (видео)

- "Ҳаводиси рӯзгори ман"-ро муаррифӣ карданд.​ Дар шаҳри Душанбе китоби Абдухалил Холиқзода, мудири Бемористони Ибни Сино муаррифӣ шуд. “Ҳаводиси рӯзгори ман” китоби ёддоштӣ аст, аммо равандҳои муҳими Тоҷикистонро дар тақрибан 30 соли охир фаро мегирад. Муаллиф аз вазъи соҳибкорӣ дар кишвар, рукуди фарҳангу маориф изҳори нигаронӣ кардааст. (видео)

- Роҳи муҳоҷирони тоҷикро ба Корея боз мекунанд? Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон солҳо боз роҳи муҳоҷиронро ба Корея ҳамвор карда наметавонанд, масъулони “Душанбе Моторс” иддао доранд, ки ҳар сол аз 3 то 10 ҳазор касро хоҳанд фиристод (видео)

- Ӯ кист— зане бо парчами Иттиҳоди Аврупо дар эътирозҳои Гурҷистон? (видео)

- Чи гуна дар Белорус дӯст доштани ватан ва Лукашенкоро ба кудакон меомӯзанд. (видео)

- Кӣ имсол соҳиби ҷоизаи "Оскар" шуд? (видео)

- Бонкҳои Тоҷикистон чӣ қадар фоида гирифтанд? "Худиҳо" чӣ?Даромади бонкҳои Тоҷикистон дар як соли охир ёздаҳ дарсад афзуда, ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расидааст. Баъзе аз ин бонкҳоро ба пайвандони раисҷумҳур ва ё шахсони наздик ба хонаводааш вобаста медонанд. (видео)

- Чаро пиёз дар Тоҷикистон "ҷанҷолӣ" шуд? ​Пас аз як тасмими Тоҷикистон барои мубодилаи пиёз бо гандум, баҳси гаронии ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар дубора доғ шудааст (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG