Ссылки доступа

"300 хона зарар дид, беш аз сад чорво нобуд шуд." Пайомади зилзила


Дар заминларзаи шаби 23-юми март даҳҳо хона ва иншооти ёрирасон дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ хароб шудааст. Масъули як деҳаи он мегӯяд, сесад хона зарар дид ва беш аз сад чорво нобуд шуд. Заминларза дар ноҳияи Рашт низ харобӣ ба ҷой гузоштааст. Мақомот зиёни умумиро нагуфтанд.

Сокинони деҳаи Палдорак мегӯянд, шаби гузаштаро дар берун рӯз карданд ва то нимарӯз аз касе ёрӣ нагирифтанд. Мақомот мегӯянд, барои ҳисоб кардани зарар кумисюнеро ба роҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода таъсис доданд.

Зилзилаи сахт соати 1:07-и 23-юми март чанд минтақаи Тоҷикистон аз ҷумла ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, минтақаи Рашт ва шаҳри Душанберо такон дод.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, маркази заминларза дар наздикии деҳаи Палдораки ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.

“Қувваи он дар марказ 5-6 балл, дар минтақаи Рашт 4-5 ва дар Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд. Дар натиҷаи заминларзаи шадид дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ вайроншавии баъзе иншооти ёрирасон аз қабили оғилхона ва хонаҳои истиқоматӣ сабт шуд,” -- афзуд Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ин масъули Кумита, заминларзаи дуюм соати 7:53 дақиқаи 23-юми март рух дод, ки маркази он ҳам ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ будааст. Қувваи ин заминҷунбӣ назар ба аввалӣ сабуктар. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодисаҳо касе нафавтидааст.

Бино ба наворҳое, ки сокинони деҳаи Палдорак ба Радиои Озодӣ фиристоданд, бисёре аз хонаҳои деҳа дар заминларзаи шаби гузашта осеб дидаанд. Дар наворҳо дида мешавад, ки девори баъзе аз хонаҳо чаппа шудааст. Сокинон мегӯянд, аз тарси такрор нашудани заминларза шаби гузаштаро дар берун рӯз карданд.

Раҷабмаҳмад Бадалов, як масъули деҳаи Палдорак, ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асари заминларза 300 манзил зарар дида, беш аз сад чорво нобуд шуд.

Вай афзуд, сокинони Палдорак аз бими таконҳои дигар дар хонаҳояшон зиндагӣ надоранд: “Асосан дар мошинҳо ва бархе дар бинои мактаб ва бунгоҳҳои тиббӣ ҳастанд.”

Бадалов мегӯяд, ба роҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода як кумисюн таъсис шудааст ва “намояндаҳои он бо мардуми зарардида суҳбат доранд”. “Бо хайма таъмин хоҳанд кард. Мувофиқ ба андозаи зарари ворида маблағ ва ғизо хоҳанд дод,” – илова кард ӯ.

Баъзе аз сокинони деҳаи Палдорак аз он шикоят доранд, ки аз касе ёрӣ нагирифтаанд ва намедонанд, имшабро дар куҷо рӯз кунанд. Як масъули идораи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, “зарари расидаро ҳисоб доранд.” Талошҳои мо барои суҳбат бо Хайрулло Бобозода, раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бенатиҷа буд.

Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ба Радиои Озодӣ гуфт, чун кумисюни давлатӣ таъсис шудааст, “ҳатман ба зарардидагон ёрӣ мерасонанд. Тибқи қонунгузорӣ ҳангоми рух додани ҳодисаи табиӣ, ба зарардидагон аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ҳатман ёрӣ расонда мешавад.”

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, нахуствазир Қоҳир Расулзода ва Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ рафтаанд. Ба гуфтаи сокинон, ба ҷуз деҳаи Палдорак, заминларза ба деҳаҳои Пакшиф, Деҳманора, Худгифи Эшонҳо ва Роғ ҳам осеб расондааст.

Дар ду рӯзи ахир ин сеюмин зилзилаи сахт аст, ки сокинони Тоҷикистонро нигарон кардааст. Пеш аз шоми 21-уми март зилзила як қисми сокинонро маҷбур кард, ки хонаҳои худро чанд соат тарк кунанд.

Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Ҳамасола дар кишвар садҳо заминларза сабт шуда, дар натиҷаи он баъзе аз манзили сокинон вайрон мешавад.

XS
SM
MD
LG