Ин изҳорот дар мулоқоти намояндаи президенти Узбекистон дар умури сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов дар шаҳри Кобули Афғонистон рӯзи 22 март садо дод.
Мулло Бародар гуфт, ҷониби Узбекистон "дар мавриди сохтмони наҳр ё канали Қуштеппа изҳори омодагӣ ба ҳамкорӣ кард".
Намояндаи Толибон ҳам гуфт, ки "Афғонистон омода аст, наҳри Қуштеппаро дар ҳамкорӣ бо Узбекистон созад".
Ҳайати Узбекистон бо роҳбарии Абдулазиз Комилов рӯзи 22 март ба Афғонистон рафт.
Узбекистон аз шумори камтарин кишварҳои дунёст, ки баъди ғасби Кобул дар таърихи 15 августи соли 2021 аз сӯи Толибон, бо ин ҳукумат ҳамкорӣ дорад.
Ҳукумати Толибонро ҷомеаи ҷаҳонӣ то кунун эътироф накардааст.