Тибқи қарори додгоҳ, 28 айбдоршаванда аз 5 то 11-солӣ зиндонӣ ва 11 тани дигар шартан, пеш аз муҳлат аз толори додгоҳ озод шуданд.
Хадамоти матбуотии додгоҳ иттилоъ додааст, ки Оралбой Досназаров 11 сол, Омирбек Қурбонов 10,5 сол, Давронбек Раманов 9 сол, Рустам Досимбетов, Нуратдийин Хабипов, Замирбек Тоҷимуродов, Азамат Алланазаров, Асилбек Омирзаков ва Шарапат Аширбеков 8-солӣ аз озодӣ маҳрум гаштанд.
Айбдоркунандаи давлатӣ қаблан барои гумонбарон аз 5 то 12-соли зиндон талаб карда буд.
Рӯзи 31 январ дар шаҳри Бухоро муҳокимаи парвандаи 22 тан аз иштирокдорони дигари эътирозҳои Нуқус ба поён расид. Рӯзноманигор Давлатмурод Тоҷимуродов, ки тафтишот ӯро ташкилкунандаи асосии эътирозҳои тобистони соли 2022 дар шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистони Узбекистон номид, 16 сол зиндонӣ шуд. Додгоҳ ҳамчунин 15 тани дигар аз иштирокдорони эътирозҳоро аз 3 то 8,5 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Эътирозҳо дар Қарақалпоқистони Узбекистон баъди он шуруъ шуданд, ки тарҳи нави Конститутсияи он кишвар нашр гардид. Дар тарҳи нав мақоми Қарақалпоқистон ҳамчун ҷумҳурии мустақил бекор ва он аз ҳаққи хориҷ шудан аз ҳайати Узбекистон маҳрум гардида буд.
Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар ҳодисаҳои шаҳри Нуқуси Қарақалпоқистон рӯзҳои 1 ва 2 июли соли 2022 21 кас кушта, 243 тани дигар маҷруҳ шудаанд. Бештар аз 500 кас боздошт шуда буд.
Баъди он ҳодисаҳо аз тағйир додани мақоми Қарақалпоқистон даст кашиданд.