Ссылки доступа

Туркманистон ба кудакони Украина кумак мефиристад


Туркманистон тасмим гирифтааст, моҳи равон ба кудакони мардуми Украина, ки беш аз як сол боз мавриди таҷовузи беасоси низомии Русия қарор доранд, кумак фиристад.

Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов 13 март дастур додааст, ки аз ҳисоби Бунёди хайрияи ба номи Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ба Украина кумаки башардӯстона фиристода шавад.

Кумак аз маводи доруворӣ ва маҳсулоти ғизоӣ иборат хоҳад буд.

Дар хабари Оҷонси давлатии иттилоотии Туркманистон номи давлати Украина гирифта нашудааст ва танҳо қайд гашта, ки ба кудакони мардуми украинӣ кумаки башардӯстона фиристода мешавад. Ҳамчунин дар қарори Бердимуҳаммадов ҳам дар бораи ҷанги Украина чизе гуфта нашудааст.

Туркманистон аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Украина бори дувум аст, ки ба он кишвар кумаки башардӯстона мефиристад. Ишқобод бори нахуст моҳи апрели соли 2022 фиристода буд.

Ин кишвар то ҳол дар ягон раъйригирии Маҷмаи умумии СММ дар робита ба ҷанги Украина иштирок накардааст ва ягон мансабдори туркман низ дар бораи ҷанги мазкур изҳори назар нанамудааст.

XS
SM
MD
LG