Ссылки доступа

Бонкҳои Тоҷикистон чӣ қадар фоида гирифтанд? (гулчин)


AFGHANISTAN-EDUCATION
AFGHANISTAN-EDUCATION

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Бонкҳои Тоҷикистон чӣ қадар фоида гирифтанд? "Худиҳо" чӣ?Даромади бонкҳои Тоҷикистон дар як соли охир ёздаҳ дарсад афзуда, ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расидааст. Баъзе аз ин бонкҳоро ба пайвандони раисҷумҳур ва ё шахсони наздик ба хонаводааш вобаста медонанд. (видео)

- Чаро пиёз дар Тоҷикистон "ҷанҷолӣ" шуд? ​Пас аз як тасмими Тоҷикистон барои мубодилаи пиёз бо гандум, баҳси гаронии ин навъи маҳсулот дар бозорҳои кишвар дубора доғ шудааст. (видео)

- Блогерон мегӯянд, кори кумитаи андоз дуруст нест.​ Бархе аз блогерони тоҷик аз феҳрасти Кумитаи андоз, ки онҳоро ба насупурдани андоз муттаҳам кардааст, норозиянд. Кумитаи андоз ҳафтаи гузашта феҳрасти блогеронеро нашр кард, ки гуё молиёти худро саривақт ва пурра намепардозанд. (видео)

- Зиндагӣ бо духтари маъюб дар вагон. Як собиқадори ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон бо хонаводааш дар шароти сахте зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, агар кӯмаки афроди хайрхоҳ намешуд, аз сардӣ нобуд мешуданд (видео)

- ​"Мардум ҳоло барои шикам кор мекунанд".​ Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯзномахонӣ дар Тоҷикистон кам шудааст. Бархе мегӯянд, нашрияҳои озоду матлабҳои хонданӣ нест, иддае дигар интернету шабакаҳои иҷтимоиро далел меоранд. Чаро ин бахш дар Тоҷикистон рӯ ба таназзул ниҳод? Навор барвақт сабту омода шудааст, вале бори аввал нашр мешавад. (видео)

- Русиягиҳо мегӯянд, дар Қирғизистон бо дархости Москва таъқиб мешаванд. (видео)

- Осиё: эътирозҳо дар Гурҷистон идома дорад. (видео)

- Нурулло Алиев дар бораи пирӯзияш дар UFC. (видео)

- Хонаи Озодӣ дигарбора Тоҷикистонро "ноозод" номид.​ Хонаи Озодӣ, як созмони муътабари ҳомии ҳуқуқ, рӯзи 9-уми март бо нашри гузориши наве бо номи “Озодиҳо дар ҷаҳон" Тоҷикистонро аз ҷумлаи кишварҳои ноозод ном бурд. Созмони мазкур бо назардошти вазъи сиёсӣ, риояти ҳуқуқи инсон ба кишварҳои ҷаҳон чунин баҳо медиҳад. (видео)

- "Худаш айбдор аст". Додгоҳи Қазоқистон афсари муттаҳам дар латтукӯби як занро бегуноҳ номид. (видео)

- Президенти пешини Гурҷистон Георгий Маргвелашвилӣ дар бораи ояндаи эътирозҳо ва стратегияи ҳизби ҳоким. (видео)

- Муомилаи нави Тоҷикистону Қазоқистон. Тоҷикистону Қазоқистон додугирифти наверо ба роҳ монданд, то яке сабзавоти баҳорӣ, аз ҷумла пиёз дошта бошад, дигарӣ гандум. Ду тараф сари ҳамин масъала чанде пеш гуфтугӯ кардаанд. (видео)

- ​Фирдавсӣ. Деҳаи тоҷикон дар Қазоқистон.​ Баъд аз қариб як аср зиндагӣ дар Қазоқистон, тоҷикони ин кишвар фарҳанг ва забони худро нигоҳ доштаанд. Дар деҳаҳои тоҷикнишини Қазоқистон, аз ҷумла дар маҳаллаи Фирдавсӣ, аз урфу одат то муошират тоҷикӣ аст. Радиои Озодӣ дар як достони видеоӣ зиндагии тоҷикони Қазоқистонро ба риштаи тасвир кашид. (видео)

- Роҳ аз Тоҷикистон ба Макка наздиктар шуд? Ширкати ”Сомон эйр” эълон кард, ки парвозҳои мустақимро аз Душанбе ва Хуҷанд ба Ҷиддаи Арабистони Саудӣ оғоз мекунад. Бархе аз сокинон барои анҷоми Ҳаҷи умра ба Арабистон мераванд (видео)

- Шикоятҳо аз фаъолияти аҳзоби "хомӯш"-и Тоҷикистон. Дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ сабти ном шудааст. Ҳадафи онҳо аз роҳи демократӣ ба даст овардани ҳукумат ва мудирияти кишвар аст. Ин ҳизбҳо ҳоло чӣ кор мекунанд? Сарвинози Рӯҳуллоҳ ва Нигораи Фазлиддин паси дари қароргоҳҳои ин ҳизбҳо рафтанд ва бо намояндагони онҳо суҳбат карданд. ​(видео)

- Дар Қирғизистон як хонавода ду сол аст, барои дарёфти адолат талош дорад. (видео)

- "Мехоҳам, ба хотири онҳо зиндагӣ кунам". Модари шаш фарзанд ба бемории саратони меъда мубтало шудааст. (видео аз Қирғизистон)

- Дар Русия қаллобон садҳо муҳоҷири Осиёи Маркзиро фиреб додаанд. (видео)

- Гапи Озод: Тоҷикон таҳаммулгароянд ё не?
Оё, воқеан, тоҷикон таҳаммулгароянд ё тоқати шунидани ақидаву андешаи ғайрро надоранд? Роҳи ҳал кадом аст? (видео)

- Иқдоми ризокорони Самарқанд дар Хуҷанд. Гурӯҳе аз ихтиёриён аз Самарқанд ба Хуҷанд омада, барои кӯдакони маъюбу ниёзманд дасторхон оростанд (видео)

- "Барои инҳо мехоҳам зиндагӣ кунам". Модари шаш кӯдак ба бемории саратон мубтало шудааст (видео)

- Русия муҳоҷирони қирғизистониро барои кандани хандақ ба ҳудудҳои ғасбшудаи Украина мебарад: навори коргарон нашр шуд (видео)

- Дар Русия садҳо муҳоҷири Осиёи Марказиро қаллобон фиреб додаанд (видео)

- Қабристони "вагнеровҳо" дар наздикии Москва: онҷо зархаридонро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дафн мекунанд (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG