Ин ҳодиса соати 11 рӯзи 7 март рух додааст. Дар ин бора аз маркази матбуотии Додситонии кулли Узбекистон хабар доданд.
Ба кӯмаки сокини маҳаллаи "Биршаган" А.Р. одамоне шитофтанд, ки дар наздикӣ буданд. Аммо сарфи назар аз кӯмаки тиббӣ, вай дар бемористон фавтид.
Барои муайян кардани сабабҳои худкушии зан ташхиси судиву тиббӣ ба роҳ монда шудааст. Додситони ноҳиявӣ тафтишро шуруъ кардааст.