Ссылки доступа

Дар Гурҷистон лоиҳаи қонуни ҷанҷолии "агентҳои хориҷӣ" бозхонд мешавад


Ҳизби ҳокими "Орзуи Гурҷистон" ва ҳаракати "Неруи мардум" дар пайи эътирозҳои сокинон тасмим гирифтанд, ки лоиҳаи қонуни ин кишвар дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-ро бозхонд кунанд.

"Мо мебинем, ки лоиҳаи қонуни қабулшуда дар ҷомеа ихтилофи назарро ба вуҷуд овард. "Дастгоҳи дуруғпарокан" тавонист, ки лоиҳаи қонунро ба таври манфӣ муаррифӣ карда, як қисми муайяни мардумро ба иштибоҳ андозад. Дар ин лоиҳа тамғаи дурӯғи "қонуни Русия" часпонида шуд", - омадааст дар изҳороти муаллифони лоиҳа.

Порлумони Гурҷистон 7 март тарҳи қонун "Дар бораи шаффофияти таъсиргузории сармояи хориҷӣ"-ро қабул кард, ки ин қонунро шабеҳ ба "қонун дар бораи агентҳои хориҷии Русия" медоданд. Аз 150 вакили порлумон 76 вакил ба ҷонибдорӣ, 13 вакил зид ва 61 вакили дигар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзиданд.

Дар посух ба қабули ин қонун чанд ҳазор сокини шаҳри Тифлис, ки зидди қабули қонуни мазкур буданд, дар назди бинои порлумон ҷамъ шуданд. Бархе аз эътирозгарон талоши ворид шудан ба порлумонро карданд. Чунин эътироз дар шаҳри Батумии Гурҷистон низ баргузор шуд.

Президенти Гурҷистон Саломе Зурабишвилӣ аз эътирозгарон ҳимоят ва ваъдаи таҳрими тарҳи қонуни мазкурро кард.

XS
SM
MD
LG