Ссылки доступа

Дар шаҳри Истамбули Туркия ҷасаде пайдо шуд, ки эҳтимол шаҳрванди Узбекистон аст


Дар соҳили баҳр дар шаҳри Истамбули Туркия як ҷасад пайдо шудааст. Эҳтимол дорад, ин ҷасади шаҳрванди Узбекистон бошад. Дар ин бора Консулгарии Узбекистон дар Истамбул хабар медиҳад.

Бино ба иттилои расмӣ, аз ҷайби ҷасад ҳуҷҷатҳое бо номи Раҳматилло пайдо шудааст. Айни замон шиносоии ҷасад идома дорад.

"Агар касе дар ин бора хабаре дорад, хоҳиш мекунем, ба консулгарӣ иттилоъ диҳад", - хабар додааст консулгарии Узбекистон.

Соли 2019 дар шаҳри Истамбул ҷасади зане аз Узбекистон пайдо шуда буд, ки дар қолин онро печонида буданд.

XS
SM
MD
LG