Ссылки доступа

18 касро дар Алматову Остона дар "ҷиноят зидди рӯзноманигорон" гумонбар мекунанд


Машина Динары Егеубаевой после поджога. Алматы. 14 января 2022 года
Машина Динары Егеубаевой после поджога. Алматы. 14 января 2022 года

Пулиси Қазоқистон 18 касро барои анҷом додани амали ғайриқонунӣ зидди рӯзноманигорон боздошт кардааст. Дар ин бора расонаҳои Қазоқистон иттилоъ медиҳанд.

Ба иттилои расонаҳо, аз моҳи сентябри соли 2022 то 20 феврали соли 2023 дар шаҳрҳои Алмато ва Остонаи Қазоқистон "нисбати 6 рӯзноманигор ва блогер амали ғайриқонунӣ анҷом дода шудааст". Мақомот аз рӯзноманигорон ва блогерон ном набурдаанд.

Мақомоти пулиси Қазоқистон гуфтанд, барои ошкор кардани ин ҷиноятҳо гуруҳи фаврии тафтишотии муштарак таъсис додаанд.

"Айни замон ҳамаи ҳолтаҳо ошкор шудааст, 18 нафар боздошт шудааст. Чораҳои тафтишотӣ идома доранд", - хабар доданд дар пулиси Қазоқистон.

Дар ним соли охир дар Қазоқистон ҳолатҳои ҳамла ба рӯзноманигорон ва блогерон бештар шудааст.

Созмонҳои байналхалқӣ вазъи озодии баёнро дар Қазоқистон душвор унвон мекунанд. Ин кишвар дар шохиси озодии баёни созмони "Хабарнигорони бидуни марз" миёни 180 кишвар дар мақоми 122 қарор дорад.

XS
SM
MD
LG