- Миродил Халиловро баъди бист сол "ёфтанд". Пас аз як гузориши Радиои Озодӣ дар бораи бесарпаноҳон зиндагии як муаллими собиқ, ки беш аз 20 сол боз бе хонаву дар буд, тағйир ёфт. Дӯстону ҳамсинфонаш ӯро дар навор шинохта, ба хонаи пиронсолон бурдаанд. Миродил Халилов кист ва чаро ба ин ҳол уфтод? (видео)
- Нашри видеои Мадина ба раиси кумита "хуш наомадааст". Раҳбари Кумитаи занон аз нашри навори келини ситамдида дар Исфара, ки сарусадоҳои зиёдеро барангехт изҳори норозигӣ кард.Ӯ иддао дорад, ки нашри чунин наворҳо роҳи ҳалли масъала нест, вале фаъолони ҷамъиятӣ баръакси инро мегӯянд. (видео)
- Чаро 11 000 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳ нарафтанд? Дар Тоҷикистон баъзе аз донишгоҳҳо муҳтоҷи донишҷӯ шуданд. Соли гузашта бештар аз даҳ ҳазор хатмкунандаи мактаб ва довталаби идомаи таҳсил бо вуҷуди супурдани имтиҳону муваффақ шудан ба донишгоҳҳо наомаданд. Чаро? Пули таҳсил надоштаанд, ё чизи дигар? (видео)
- Чаро 11 000 донишҷӯи тоҷик ба донишгоҳ нарафтанд? Дар Тоҷикистон баъзе аз донишгоҳҳо муҳтоҷи донишҷӯ шуданд. Соли гузашта бештар аз даҳ ҳазор хатмкунандаи мактаб ва довталаби идомаи таҳсил бо вуҷуди супурдани имтиҳону муваффақ шудан ба донишгоҳҳо наомаданд. Чаро? Пули таҳсил надоштаанд, ё чизи дигар? (видео)
- Маскун дар хонаи шавҳари собиқ, бе обу бе барқ. Бештар аз 1000 зани тоҷик соли гузашта дар хонаҳои шавҳарони собиқи худ маскун шудаанд. Инҳо заноне ҳастанд, ки талоқ гирифтаанд, вале дар додгоҳ қисме аз моликияти шавҳарро ба онҳо додаанд. Зиндагӣ дар канори шавҳари собиқ барои занҳои тоҷик чӣ гуна аст ва роҳи ҳал дар куҷост? (видео)
- Биноҳои нави Душанбе ба зилзила тоб меоранд? Заминларзае, ки дар Туркияву Сурия садҳо биноро ба хок яксон кард, баҳси ба заминларза тобовар будани баландошёнаҳои Душанберо ба бор овард. Сокинон шикоят доранд, ки баландошёнаҳо бесифат сохта шудаанд ва шояд ба заминларза тоб наоранд. Мақомот мегӯянд, ба заминларзаи 9-дараҷаӣ тоб меоранд (видео)
- Муҳоҷирон метавонанд, нафақаи русӣ бигиранд? Мақомоти тоҷик гуфтанд, аз ин баъд муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия метавонанд, нафақа бигиранд. Ба шарте, ки санадҳояшон дурусту расмӣ бошад ва ба мақомоти марбутаи Русия муроҷиат кунанд. (видео)
- Марги тоҷики дигари зиндонӣ дар ҷанги Украина. Боз як зиндонии тоҷик дар Русия дар ҷанги зидди Украина кушта шудааст. Пайвандони Мақсад Қурбонов аз ноҳияи Рӯдакӣ гуфтанд, ӯ дар яке аз зиндонҳои шаҳри Архангелск буд, аммо ду рӯз пеш хабари маргаш аз Бахмут расид. (видео)
- Муҳоҷирон чӣ гуна ба Тоҷикистон пул мефиристанд? Масъулони "Амонатбонк" гуфтанд, баъзе аз муҳоҷирон пулро на тавассути низомҳои интиқоли маблағ, балки бештар ба ҳисоби бонкии хешовандон дар Тоҷикистон мегузаронанд. Ин кор, ба гуфтаи онҳо, "наву соддаву арзон аст", аммо дар охири ҳар моҳ боиси зуд-зуд холӣ шудани банкоматҳо мегардад.
- Мансабдори тоҷик гуфт, ки чаро тухми мурғ гарон шуд. Бо гузашти се моҳ аз афзоиши бесобиқаи нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон, масъулони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби онро ба куштани мурғҳои зиёд пайванд доданд (видео)
- Вазири маориф ба суоли хабарнигорон посух надод. Вазири маорифи Тоҷикистон ба суоли хабарнигорон посухи мушаххас надод. Дар нишасти матбуотие, ки рӯзи 2-юми феврал гузашт, аз Раҳим Саидзода дар бораи тағйири китобҳои дарсӣ, рафтани омӯзгорон, таъсири қонуни артиш ба мактабҳои олӣ ва мушкилоти дигар пурсиданд. (видео)
- Мадина бо тифли чормоҳааш аз хонаи хушдоман рафт. Арӯсе, ки навори истинтоқ шудани ӯ аз тарафи хушдоман дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси зиёд ба по кард, аз хонаи шавҳараш рафтааст. Мадина Сиддиқзода мегӯяд, кӯдаки чормоҳа дорад ва дар манзили яке аз пайвандон ҷойгир шуд. (видео)
- TI мегӯяд, фасод дар Тоҷикистон "расм" шудааст. Муҳаққиқони созмони “Шаффофияти байнулмилал” ё Transparency International мегӯянд, дар Тоҷикистон фасод ба як одат ё “расм табдил шудааст”. (видео)
- Дар Қазоқистон фаъолон манъи тибби ғайрисуннатиро талаб доранд. (видео)
- ИМА зархаридони Пригожинро "созмони ҷиноии фаромиллӣ" эълом кард (видео)
- Аркадий Дубнов дар бораи аҳамияти созиши Қирғизистону Узбекистон. (видео)
- Тоҷикистон роҳи нав ба Аврупо меҷӯяд? Баъд аз таҳримҳои сахт интиқоли молу коло ба воситаи Русия акнун тақрибан номумкин гаштааст. Кишварҳои манфиатдор дар пайи таҳкими масирҳои нави боркашонӣ миёни Чин ва Аврупоянд. Дар ин нақшаи нав Тоҷикистон ё ҷой надорад ва ё ҷойгоҳи хеле маҳдуд насибаш мегардад. (видео)
- Суолу пешниҳоди сокинон ба мансабдорони тоҷик. Рӯзи 30-юми январ нишасти хабарии мансабдорон дар Тоҷикистон оғоз шуд. Вазирону раисони идораҳои давлатӣ дар бораи корашон гузориш медиҳанд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар остонаи ин нишастҳо аз мардум пурсиданд, ки ба мансабдорон чӣ суол ва чӣ пешниҳоду гуфтанӣ доранд (видео)
- Кори Чин соҳибкорони тоҷикро хушҳол кардааст. Боз шудани марзи Чин даҳҳо соҳибкорро дар Тоҷикистон хушҳол кардааст. Соҳибкорони тоҷик мегӯянд, се соли ахир бо сабаби баста будани марз наметавонистанд молҳои худро саривақт дастрас кунанд. (видео)
- Шикоят аз норасоии ҳаммомҳои занона дар Кӯлоб. Сардиҳои камназири зимистони имсол мушкилоти зиёдро дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон ошкор кард ва яке аз ин масъалаҳо - камбуди ҳаммом барои занон будааст. Чунин мушкил дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон эҳсос мешавад ва яке аз онҳо шаҳри Кӯлоб будааст. (видео)
- Ҷанги Украина писари ягонаи модари тоҷикро кушт. Дар як деҳаи ноҳияи Ҳисор ҷавонеро ба хок супурданд, ки бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд. Муддате бо хонаводааш тамос надошт ва чанде пеш ба онҳо аз Русия хабар доданд, ки ба ҷанги Украина рафта ва онҷо кушта шудааст (видео)
- Кумакҳои нави низомии ИМА ба Украина аз чи иборат аст. (видео)
- Чи гуна Русия мероси фарҳангии Украинаро медуздад. (видео)