Болбот дар суҳбат бо "Радио Свобода" гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон барои истифодаи ҳарими ҳавоии Қирғизистон аз 8 феврал то 21 марти имсол дархост фиристодааст, вале ҳанӯз посух дода нашудааст. Он дар ҳоли баррасӣ мебошад.
Абдуқосим Валиев, мудири умумии ширкати "Сомон Эйр", рӯзи 1-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфта буд, парвозҳо дар самти “Душанбе-Урумчи” ҳафтае ду бор анҷом мешавад. Ба гуфтаи ӯ, як парвоз аз тарафи "Сомон Эйр" ва як парвоз аз тарафи ширкати чинӣ анҷом мешавад.
Дилшод Сафарзода, роҳбари Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандӣ дар ин нишаст гуфт, "яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳалли худро наёфта истодааст, ин кушодани хати аэронавигатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин мебошад, ки бинобар сабаби набудани роҳи ҳавоӣ ширкатҳои ҳавопаймоии ду кишвари ҳамсоя парвозҳоро тавассути фазои ҳавоии Қирғизистон иҷро менамоянд".
Сафарзода дар посух ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, дар масъалаи истифода аз фазои ҳавоии Қирғизистон барои сафар ба Чин "ягон мушкилӣ нест" ва танҳо мехоҳанд бо кушодани хати нави ҳавоӣ, масирро кутоҳтар кунанд.