Бино ба хабарҳо, ин қарор ба далели қатъи пеш аз муҳлати мандати вакилии Ортиқхоҷаев дар маҷлиси шаҳрии Тошканд қабул карда шудааст. Маҷлиси Тошканд 27 январ мандати вакилии Ортиқхоҷаевро пеш аз муҳлат бекор карда буд.
Маркази матбуотии президенти Узбекистон рӯзи 16 январ хабар дод, ки Ортиқхоҷаев "барои баҳои дуруст надодани вазъи кунунӣ ва омода нашудан ба зимистон" аз мақом барканор ва ба ҷои ӯ Бахтиёр Раҳмонов, муовини аввали шаҳрдор иҷрокунандаи вазифаи раис таъйин гардидааст.
Ҳамчунин президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба мақомоти додситонӣ дастур додааст, ки фаъолияти шаҳрдории Тошкандро санҷад.
Ортиқхоҷаев моҳи апрели соли 2018 шаҳрдори Тошканд таъйин шуда буд.