Ссылки доступа

Мурофиаи Далери Имомалӣ ба таъхир афтод


Далер Имомали. Архивное фото
Далер Имомали. Архивное фото

Баррасии шикояти Далери Имомалӣ, рӯзноманигор ва блогери тоҷик дар Додгоҳи шаҳри Душанбе ба таъхир афтодааст.

Саъдулло Қаюмов, вакили дифои Далери Имомалӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, қарор буд, соати 10-и 30-юми ноябр Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти ин рӯзноманигорро баррасӣ кунад. “Вале бо сабабҳои номаълум ин кор ба таъхир афтод,”-афзуд вакили дифоъ.

Ҳанӯз маълум нест, ки мурофиаи Далери Имомалӣ кадом рӯз дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур 17 октябри имсол Далери Имомалиро ба 10 соли зиндон ва 12 ҳазор сомонӣ ҷарима маҳкум кард. Додгоҳ ин рӯзноманигорро ба соҳибкории ғайриқонунӣ, расондани хабари бардуруғ ва узвият дар созмони дар Тоҷикистон мамнуи “Гуруҳи 24” гунаҳкор кард.

Далери Имомалӣ дар номае аз дохили боздоштгоҳ навишт, тафтишу мурофиааш пур аз "дурӯғу туҳмат ва духурагиҳои зиёд" буд ва ӯ ҳукми Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансурро эътироф намекунад.

Далери Имомалӣ рӯзи 15-уми июни имсол боздошт шуд. Ҳамкори ӯ Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҳам он рӯз боздошт ва дертар ба 7,5 соли зиндон маҳкум гардид. Ғурбатӣ дар рафти тафтишот ва ҳам додгоҳ ба бегуноҳии худ таъкид кард.

Дар ҳафт моҳи ахир 7 журналисту блогер боздошт ва аксари онҳо ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз мақомоти Тоҷикистон хостанд, рӯзноманигоронро озод кунад.

XS
SM
MD
LG