Ссылки доступа

"Дару тирезаро дигар, биноҳоро нав мекунем." Муҳоҷирони тоҷикро ба Мариупол бурдаанд


Шуморе аз муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки онҳоро барои кор ба Мариупол бурдаанд
Шуморе аз муҳоҷирони тоҷик гуфтанд, ки онҳоро барои кор ба Мариупол бурдаанд

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, баъзе аз ширкатҳои русӣ даҳҳо муҳоҷири тоҷикро барои кор ба шаҳри ишғолшудаи Мариуполи Украина бурдаанд. Мариупол аз моҳи майи имсол зери назорати нерӯҳои Русия аст. Баъзе аз муҳоҷирон бо ваъдаи маоши хуб ба онҷо рафта, иддае худдорӣ кардаанд.

Қурбон Шарифов, муҳоҷири 30-солаи тоҷик, охири моҳи августи имсол аз Маскав ба Мариупол рафтааст. Мегӯяд, то ин вақт дар ширкати “Реставратсия” кор мекард ва ҳамин ширкат ӯро ба Мариупол фиристод. Ҳамсуҳбати мо афзуд, моҳи аввал беш 130 ҳазор рубл (2350 доллар) гирифтанд, ки ду баробар бештар аз маошашон дар Русия аст, вале намедонанд, дар оянда низ чунин маош хоҳанд гирифт ё не.

“Дар инҷо хонаҳои вайроншударо барқарор мекунем. Дару тирезаро иваз мекунем, болопӯши биноро нав мекунем. Се вақт хӯрок ва ҷойи хоб медиҳанд,” -- афзуд ҳамсуҳбати мо рӯзи 3-юми октябр.

Мариупол дар вилояти Донетски Украина ҷойгир буда, охири моҳи феврал зери ҳамлаҳои Русия монд. Ба гуфтаи мақомоти Украина, дар пайи ҷангҳои сахте, ки се моҳ идома кард, Мариупол ба харобазор табдил ёфт ва аксар сокинон аз онҷо кӯчиданд. Дар моҳҳои охир чанд ширкати русӣ эълон карданд, ки барои барқарор кардани харобаҳо дар Мариупол коргар меҷӯянд.

Ширкатҳои сохтмонӣ ваъда додаанд, ки барои ҳар моҳ кор дар Мариупол то 250 ҳазор рубл медиҳанд. Вале баъзе аз муҳоҷирон онро муваққатӣ ва барои ҷалби коргарон дониста, феълан аз рафтан ба ин шаҳри Украина худдорӣ мекунанд.

Бахтовар Норов, як муҳоҷири тоҷикро барои кор ба Мариупол даъват кардаанд, вале ӯ саросема нест. “Гуфтанд, ки равед касе ба Шумо кор надорад. Вале ҷанг давом дорад, Худо медонад, ки аз онҷо зинда меоӣ ё не. Ними нон роҳати ҷон гуфта дар ҳамин Русия кор мекунем,” -- афзуд Бахтовар Норов.

Қурбон Шарифов, муҳоҷири тоҷик, ки феълан дар Мариупол кор мекунад, гуфт, давоми як моҳи кор ягон хатарро эҳсос накарданд, аммо ба гуфтааш, “аҳли оила хавотиранд."

Омори дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Мариупол рафтаанд, дар даст нест. Ҳамсуҳбати мо Қурбон Шарифов мегӯяд, танҳо ширкати “Реставратсия” 110 муҳоҷирро ба Мариупол бурдааст, ки аксарашон тоҷик ҳастанд. Ба гуфтаи Шарифов, чанд ширкати дигар низ муҳоҷиронро аз Русия ба Мариупол мефиристанд, вале номашон барои мо маълум нест.

Дар аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, қариб 60 муҳоҷире дида мешаванд, ки дар Мариупол машғули коранд. Дар сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, барои интиқоли муҳоҷирон ба Мариупол аз мақомоти рус “маълумоти расмӣ” нагирифтаанд.

Масъулони сафорат танҳо гуфтанд, “шаҳрвандон тариқи телефон дар масъалаи мазкур муроҷиат карданд ва ба онҳо тавсия дода шуд, ки аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок худдорӣ намоянд.”

Дар ин миён танҳо ширкатҳои русӣ нестанд, ки муҳоҷиронро барои кор ба Мариупол мефиристанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар Русия, баъзе тоҷикон ҳам ба фиристодани муҳоҷирон ба Мариупол машғуланд.

Хабарнигори Озодӣ ҳамчун корҷӯ ба як тоҷике дар Русия занг зад, ки ба гуфтаи худаш муҳоҷиронро ба Мариупол мефиристад. Ин нафар гуфт, ширкати сохтмонӣ дорад, аммо номи худу ширкаташро нагуфт. Ҳамсуҳбати мо афзуд, барои фиристодани 30 ҳазор коргар ба Мариупол дархост гирифтаанд.

“Дирӯз бо як автобус коргаронро равон кардем, кор карда истодаанд. Коргарони мо асосан аз Тоҷикистон ва Узбекистон ҳастанд," – гуфт ин ҳамсуҳбати мо.

Муҳоҷирони тоҷик дар ҳоле ба Мариупол мераванд, ки даргириҳо миёни Русия ва Украина шиддат мегирад. Нерӯҳои украинӣ аз бозпас гирифтани чанд минтақа, аз ҷумла шаҳри стратегии Лиман хабар доданд.

XS
SM
MD
LG