"Зарбулмасали қазоқӣ ҳаст, ки мегӯянд: "Муносибатҳои нек бо ҳамсояҳо - кафили оромӣ аст". Нигаҳ доштани созиш бо ҳамсояҳо хеле муҳим аст. Мо аз ин зиёне намебинем. Дар рӯзҳои ахир аз Русия одамони зиёде ба кишвари мо меоянд. Бисёрии онҳо маҷбур шудаанд, ки ба далели вазъи пешомада сафар кунанд. Мо бояд нисбати онҳо ғамхорӣ изҳор намоем ва амнияташонро таъмин кунем. Ин масъалаи сиёсӣ ва башарӣ аст. Ман ба ҳукумат дастури чораандешӣ додаам", - гуфт Тоқаев рӯзи сешанбеи 27 сентябр.
"Мо гирифтори буҳрон нестем ва мушаввашӣ ҳам надорем. Ҳукумат бояд корашро анҷом диҳад. Ба онҳое ки аз хориҷ омадаанд, кӯмак расонида мешавад, аммо онҳо ҳеч имтиёзе дарёфт нахоҳанд кад. Мо бо ҷониби Русия гуфтугӯ мекунем ва ин масъаларо ба манфиати кишвари худ ҳал менамоем", - гуфт Тоқаев.
Баъди он ки рӯзи 21 сентябр Владимир Путин, президенти Русия фармони басиҷро содир кард, ҳазорон шаҳрванди он кишвар талоши ба хориҷ рафтанро карданд. Дар натиҷа дар марзи Русия бо Қазоқистон навбатпойии тӯлонӣ ташкил шуд.