Ориповро дар фурудгоҳи шаҳри Ӯши Қирғизистон раиси девони вазирони он кишвар Оқилбек Ҷабборов пешвоз гирифт.
Ҷабборов бо Орипов мулоқоти дуҷониба анҷом медиҳанд ва дар ҷаласаи муштараки ноҳияҳои наздимарзии ду кишвар ширкат мекунанд.
Сарвазири Узбекистон ҳамчунин дар маросими кушодашавии мактаби миёнаи деҳаи Маргуни ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ширкат мекунад. Ин мактаб бо сармояи Узбекистон сохта шудааст.