Бекиев гуфтааст, бо гумони ҳамла як сокини 24-солаи шаҳри Алмато боздошт шудааст.
Ба иттилои тафтишот, рӯзи 5 январи соли ҷорӣ, гумонбар "ҳамроҳ бо иштирокчиёни дигари бетартибиҳо аз мағозаи аслиҳафурӯшӣ силоҳ дуздида, ба фурудгоҳи Алмато ва баъдан ба бинои пулиси Алмато ҳамла бурдаву, то соати 6 субҳ бинои пулисро муҳосира кардаанд", - хабар додааст Бекиев.
Пулиси Қазоқистон гуфт, дар ҳодисаҳои моҳи январи соли ҷорӣ дар он кишвар на камтар аз 230 одам кушта шудааст.
Мақомоти Қазоқистон ҳаводиси моҳи январро "ҳамлаи террористӣ" номиданд. Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон гуфт, ки "20 ҳазор террорист" дар он ҳодисаҳо ширкат кардаанд, аммо вай далели барои ин ҳарфҳояш наовард. Дар ҳодисаҳои моҳи январ ва баъди он ҳазорон сокини Қазоқистон боздошт, садҳо тан бо гумони терроризм, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, ғорати аслиҳа ва дигар ҷиноятҳо ҳабс шуданд.