Ссылки доступа

Гуфтугӯи нави Русия ва Украина дар Туркия баргузор мешавад


Гуфтугӯи навбатии намояндагони Русия ва Украина қарор аст, аз 28 то 30 март дар Туркия баргузор шавад. Дар ин бора намояндаи Киев Давид Арахамия хабар додааст.

Намояндаи Москва Владимир Мединский ин хабарро тасдиқ кард. Аммо вай макони баргузории гуфтугӯро ошкор накард.

Ҷонибҳо тасмими баргузории ин гуфтугӯро 27 март гирифтаанд.

Даври аввали гуфтугӯҳои Русия ва Украина дар бораи ҳалли низоъ дар ҳудуди Белорус анҷом шуд. Сипас он тариқи видеоӣ идома ёфт. Москва ва Киев ҷузъиёти гуфтугӯҳоро ошкор намекунанд.

Артиши Русия субҳи 24 феврал бо фармони президент Владимир Путин ба Украина ҳамла кард.

XS
SM
MD
LG