Ссылки доступа

Тирпарронии шабона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон


Соати тақрибан 02:50 дақиқаи шаби 11 март дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон байни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифт. Дар ин бора хадамоти марзбонии Қирғизистон иттилоъ медиҳад.

Ба иттилои ин хадамот, дар қитъаи роҳи Бодканд-Исфана, дар мавзеи Экӣ-Тош марзбонони Тоҷикистон гӯиё сӯи мошине санг партофтаанд.

"Марзбонони Қирғизистон сӯи ҳаво тир кушоданд. Дар ин вақт марзбонони Тоҷикистон ҳам оташ кушоданд. Тирпарронӣ байни марзбонон қариб 20 дақиқа давом кард ва соати 03:10 дақиқа хомӯш шуд. Аз ҷониби Қирғизистон талафот ва захмиҳо нестанд", - хабар дод Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Чанд сокини ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, ҳаммарз бо Бодканди Қирғизистон, ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки шаби 11-уми март дигарбора садои тирпарронӣ дар сарҳад шунида шудааст.

Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора расман хабар надоданд.

Яке аз сокинони ҷамоати Чоркӯҳ гуфт, "тирпарронӣ соати яки шаб шуруъ шуда, чанд муддат идома кард."

Тамосҳои Радиои Озодӣ барои гирифтани иттилоъ аз мақомоти Тоҷикистон то ин дам бенатиҷа буд.

Ҳамсуҳбатони мо дар Чоркӯҳ гуфтанд, феълан садои тирпарронӣ нест, вале ташвиши мардум мондааст.

Рӯзи даҳуми март низ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ сурат гирифт. Ба иттилои манобеъ, аз тарафи Тоҷикистон як кас кушта ва як нафари дигар захмӣ шудааст. Мақомот дар бораи ҳодиса ҳеч ҳарфе нагуфтанд.

Ҷониби Қирғизистон мегӯяд, касе аз тарафи онҳо осеб надид. Дертар мақомоти ду кишвар ба созиш расидаанд, ки ҳодисаро ба таври мустақилона таҳқиқ мекунанд.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд, ки ниме аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст. Номуайян мондани бахше аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби баҳсу муноқишаи мусаллаҳона байни ду ҳамсоя мешавад. Дар низои моҳи январи имсол аз ду ҷониб даҳҳо кас захмӣ шуда, аз тарафи Тоҷикистон ду кас кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG