Дар сомонаи эътилофи мазкур омадааст, ки ин тасмим бо назардошти нишондодҳои асосии гузориши "Форуми узбекӣ оид ба ҳуқуқи инсон" гирифта шудааст. "Форуми узбекӣ оид ба ҳуқуқи инсон" гузориш додааст, ки дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2021 дар Узбекистон аз меҳнати иҷборӣ истифода нашудааст.
Дар соли 2009 ба далели истифодаи меҳнати кӯдакон ва меҳнати иҷборӣ дар Узбекистон Cotton Campaign аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки пахтаи Узбекистонро таҳрим кунанд.
Он замон ширкатҳои бузурге, амсоли Adidas, Zara, C&A, Gap Inc., H&M, Levi Strauss & Co., Tesco, Walmart ва чанди дигар даъвати Cotton Campaign-ро пазируфта буданд.