Ссылки доступа

"Аэрофлот" парвозҳо ба Қирғизистонро аз сар мегирад


Муовини вазири нақлиёти Қирғизистон Таабалдӣ Тиллоев 10 март дар ҷаласаи порлумон хабар дод, ки ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот"-и Русия аз ҳафтаи оянда парвозҳо ба он кишварро дубора оғоз мекунад.

Вакилони порлумони Қирғизистон дар ин ҷаласа изҳори нигаронӣ карданд, ки муҳоҷирони ин кишвар ба далели набудани парвозҳои ҳавопаймоӣ бо Русия бо мушкил рӯбарӯ шудаанд. Бархе аз онҳо пешниҳод карданд, ки бо Русия дар мавриди равуои муҳоҷирон тавассути роҳи заминӣ гуфтугӯ карда шавад.

"Бале, дар ҳоли ҳозир интиқоли мусофирон танҳо бо ҳавопаймо сурат мегирад. Дар мавриди равуо тавассути роҳҳои заминӣ Қазоқистон аллакай розӣ шудааст ва бо Русия гуфтугӯҳо идома доранд. Мо дар кумита имрӯз масъалаи парвозҳоро низ баррасӣ кардем ва дар бораи оғози парвозҳои ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот"-и Русия аз ҳафтаи оянда ба созиш расидем", - изҳор дошт Тиллоев.

Ширкати ҳавопаймоии "Аэрофлот"-и Русия то ҳол дар бораи оғоз шудани парвозҳояш ба Бишкек чизе нагуфтааст.

Ширкатҳои ҳавопаймоии "Аэрофлот" ва "Победа"-и Русия аз 8 марти соли равон ҳамаи парвозҳои хориҷии худро қатъ карда буданд.

XS
SM
MD
LG