Манобеъ дар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ рӯзи 24-уми январ ба хабаргузории ТАСС гуфтаанд, ҳамлаварон гардану қафаси сина ва пушти сари ӯро буридаанд. Ному насабаш маълум нест.
Ба иттилои хабаргузорӣ, ҷасади ронандаи мошини "Фолксваген Поло" дар баромадгоҳи фурудгоҳи Пулково ёфт шудааст. "Вай шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон аст, ки аз моҳи декабри соли 2021 бо патент дар Русия кор мекард," – гуфтааст манбаи хабаргузории ТАСС.
Дар бораи қатли муҳоҷири тоҷик кормандони "Ёрии таъҷилӣ" ба пулис хабар додаанд. Аз дохили мошин корд ёфт шудааст, ки мақомот тахмин мезананд, эҳтимол шаҳрванди Тоҷикистонро бо он куштаанд. Дар робита ба ин қазия дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва пулис гумонбарони куштори муҳоҷири тоҷикро ҷустуҷӯ дорад.
Ҳар сол беш аз 1 миллион аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мераванд. Соли 2020 тобути 300 шаҳрванди кишварро аз Русия ба ватан оварданд. Дар гузашта ҳар сол аз 600 то 800 ва бештар аз он тобути муҳоҷиронро меоварданд. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф гуфта мешавад.