Ссылки доступа

Дар Қазоқистон қатъи таъқиби тазоҳургаронро талаб доранд


Як гуруҳ аз сокинони шаҳри Жанаозени Қазоқистон 22 январ дар назди бинои шаҳрдорӣ ҷамъ шуда, талаб карданд, таъқиби фаъолон ва шаҳрвандоне қатъ шавад, ки дар эътирозҳои оммавии аввали моҳи январ дар ин кишвар иштирок доштанд.

Таҷаммуъгарон дар даст шиорҳои "Мардум террорист нестанд!", "Талаб мекунем, таъқибҳо қатъ шаванд!" ва "Нест бод, беқонунӣ!"-ро доштанд. Эътироз ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард.

"Мо наметавонем, хомуш нишинем. Ин номумкин аст. Ҳар рӯз мешунавем, ки сокинони одиро барои иштирок дар тазоҳуроти осоишта таъқиб мекунанд. Бинобар ин, тасмим гирифтем, ки аз онҳо ҷонибдорӣ намоем", - изҳор дошт яке аз таҷаммуъгарон Алма Карашаева.

Кормандони ширкати "Кезби"-и шаҳр низ рӯзи ҷумъа бо талаби ҳамсон муроҷиати видеоиеро нашр карданд. Онҳо гуфтанд, агар таъқибҳо қатъ нашавад, дубора даст ба тазоҳурот мезананд.

Ҳаводиси аввали моҳи январи соли равон дар Қазоқистон аз эътирозҳо дар Жанаозен оғоз шуда буд. Сокинони ин шаҳр дар эътироз ба болоравии нархи газ тазоҳурот карда буданд. Ин тазоҳурот то ба минтақаҳои дигар низ паҳн шуд. Эътирозҳо баъдан ба хушунат печиданд ва даҳҳо куштаву захмӣ ба ҷой гузоштанд.

XS
SM
MD
LG