Ссылки доступа

Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, дар бетартибиҳои ибтидои моҳи январ 227 кас кушта шуд


Дар чанд рӯзи охир дар беморхонаҳои Қазоқистон ду тани дигар аз маҷруҳони бетартибиҳои ибтидои моҳи январи он кишвар фавтидаанд.

"Дар робита ба фавтидаҳо дар беморхонаҳо: то имрӯз шумори фавтидаҳо ба 177 расид", - гуфт Ажар Гиният, вазири ҳифзи тандурустии Қазоқистон рӯзи 18 январ.

Пештар аз ин вазорат аз 175 фавтида дар беморхонаҳо хабар дода буд. Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 15 январ иттилоъ дода буд, ки ба сардхонаҳои он кишвар 225 фавтидаро овардаанд. Ба ин тартиб, теъдоди умумии фавтидаҳо дар бетартибиҳои ибтидои моҳи январи Қазоқистон ба 227 кас расид.

Вазорати ҳифзи тандурустии Қазоқистон хабар дод, "дар рӯзҳои бетартибӣ 2739 кас барои дарёфти ёрии тиббӣ ба беморхонаҳо муроҷиат кардааст". Аз ин шумор 14 тан дар шуъбаҳои эҳё бистарӣ шудааст.

Рӯзи 2 январ дар Қазоқистон зидди болоравии қимати газ эътироз шуруъ шуд. Ин эътирозҳо тамоми Қазоқистонро фаро гирифт. Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, "20 ҳазор террорист" ба шаҳри Алмато ҳамла кард, ки гӯё дар хориҷ омодагӣ дида будаанд. Баъдтар вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, манзур шумори умумии ширкатдорони эътирозҳо дар шаҳр буд. Дар робита ба ин, Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ кӯмаки низомӣ дархост кард.

XS
SM
MD
LG