Ссылки доступа

Даъват ба артиш ё фишор ба рӯзноманигор. Баҳси сардабири "Пайк" бо сардори милисаи Кӯлоб


Сардабири “Пайк”, як нашрияи маҳаллӣ дар Хатлон, дар як нома ба Додситонии кул ва Дастгоҳи президенти Тоҷикистон аз фишор алайҳи кормандонаш хабар додааст.   

Дар номаи сармуҳаррири “Пайк”, Аҳмад Иброҳим, гуфта мешавад, ки мақомоти маҳаллӣ аз ҳар роҳе фишор меоранд, то онҳо аз гуфтани камбудашон даст кашанд. Мақомот ин иддаоро рад мекунанд ва мегӯянд, ба хабарнигорон ягон фишор наовардаанд.

"Облава"-и Муҳаммад Мусавӣ, хабарнигор ва писари сардабири "Пайк" мояи аслии нигаронӣ будааст.

Аҳмади Иброҳим, сардабири “Пайк” мегӯяд, фишор пас аз як матлаби интиқодӣ дар бораи додситонии шаҳр оғоз ёфт.

Дар мақолаи ҳафтаи гузаштаи “Пайк” суҳбат дар бораи боғчаи кӯдакона мерафт, ки дар ҳолати бади санитарӣ қарор дорад, кӯдаконро шабушк задааст, вале Идораи санитарӣ вазъро наметавонад ислоҳ кунад. Як мақомои Идораи санитарӣ ба “Пайк” гуфтааст, ки аз додситонӣ барояш фишор меоранд, ки ин боғчаро тафтиш накунад.

Шикояти сардабири нашрияи "Пайк" аз фишори ниҳодҳои қудратӣ
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:03:26 0:00

Сардабири “Пайк” мегӯяд, ҳамин мақола хашми мақомоти маҳаллиро овард ва зоҳиран бо воситаи сардори милисаи шаҳр фишорро оғоз карданд. Сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мавҷудияти фишорро рад кард. Аммо сардабир мегӯяд, аз 3-юми ноябр гирифта, кормандони милиса дар пайи Муҳаммад, муаллифи мақолаи ҷанҷолӣ ва писари сардабир афтода, бо ин мақсад се бор ба хонаи Аҳмад Иброҳим омадаанд.

“Ду бор ба хонаи ман милиса омад. Ман дар дигар ҷой будам, бозгашта омадам ва дар ҷои кор қарор доштам, маротибаи сеюм даъватнома ба номи Муҳаммад бурданд, ки бояд ба комиссариати ҳарбӣ равад,” --гуфт ӯ.

Бо гузашти беш аз як моҳ аз даъват ба сафи артиш ва пас аз нашри мақолаи танқидӣ сардабири “Пайк” инро ҳамчун фишор қабул кардааст.

Муҳаммад Мусавиро комиссияи тиббӣ бо иллати мушкил доштани чашмаш аз даъват ба артиш раҳо кардааст.

Ин хабарнигор мегӯяд, шоҳиди фишори сардори ШВКД ба пизишкон буд. Ба гуфтаи ӯ, сардори милисаи шаҳр борҳо пизишконро ба назадаш даъват карда, фишор меорад, то ӯро солим сабт кунанд.

Аҳмад Иброҳим мегӯяд, пас аз навиштани мактуби боз ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кулл зери фишори кормандони милисаи шаҳр қарор гирифт.

Ӯ гуфт, Файзулло Нозимзода, сардори ШВКД-и Кӯлоб ӯро ба утоқи кориаш даъват ва таҳқир кардааст. “Ман шуморо фалон мекунам гуфта, хело таҳдид кард.”,--гуфт ӯ. ​

Аммо Файзулло Нозимзода, сардори ШВКД-и Кӯлоб дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбат ба журналистони маҳаллӣ ҳеҷ гуна фишор наовардааст.

Ба гуфтаи ӯ, журналист ва писари сардабири "Пайк" бо даъватномаи комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуд, аз ин рӯ, барои оварданаш кормандони милиса сафарбар шуданд.

“Ягон фишор набуд. Ӯ бояд ба хизмат мерафт, лекин боз мо фикрҳои дигарро карда, ҷавобаш додем”,--гуфт сардори ШВКД.

Рӯзноманигор ба ин ҳарф бовар надорад ва мегӯяд, ин як роҳи қасос аз рӯзноманигорон ба хотири фаъолиятҳояшон аст.

Дар гузашта Хадамоти оташнишонӣ ин нашрияро ҷарима баста, додситонӣ барои як муддат кори онро боздошта буд.

Нашрияи “Пайк” наздики даҳ сол боз дар шаҳри Кӯлоб фаъол аст. Ин ҳафтанома ягона нашрияи мустақил дар вилояти Хатлон дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG