Ссылки доступа

Коронавирус дари мактабу боғчаҳои Самарқандро дубора баст


Дар тамоми мактабу муассисаҳои томактабии шаҳри Самарқанди Узбекистон ба муҳлати 14 рӯз дубора карантин ҷорӣ карданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Самарқанд, карантин дар асоси Комиссияи изтирории эпидемиологӣ эълом шудааст.

Сабаби эъломи дубораи карантин дар муассисаҳои таълимӣ "афзоиши шумори мубталоёни коронавирус дар рӯзҳои ахир" гуфта шудааст.

Дар қарори ҳукумати Самарқанд омада, ки ҳамаи мактабҳои миёнаву боғчаҳо аз 27 апрели имсол ба низоми омӯзиши онлайнӣ хоҳанд гузашт. Агар дар давоми карантин ҳолатҳои нави гирифторӣ ба коронавирус ошкор нашавад, дари таълимгоҳҳо дубора боз хоҳад шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Узбекистон 243 мактаб ба низоми омӯзиши онлайнӣ гузаштаанд.

XS
SM
MD
LG