Ссылки доступа

Ҷабборов гуфт, раъйпурсӣ барои тағйири Конститутсияи Қирғизистон то июни имсол баргузор мешавад


Содир Ҷабборов, номзади пешсаф дар интихоботи президентии Қирғизистон гуфт, ки раъйпурсӣ барои тағйир додани Конститутсияи он кишвар то моҳи июни соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

"Сокинон мудирияти президентиро интихоб карданд. Акнун шӯрои конститутсионӣ тарҳи нави Конститутсияро таҳия ва порлумон рӯзи баргузории раъйпурсиро таъйин мекунад. Низоми интихоби вакилони порлумон ҳам тағйир меёбад. Нисфи порлумон аз ҳисоби низоми якмандатӣ ва нисфи дигар тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб мешавад. Фикр мекунам, ин масъала то моҳи июн ҳал хоҳад шуд", - гуфт Ҷабборов.

Бино ба иттилои охир, Содир Ҷабборов бо касби 79,2 дарсади раъйи мардум аз ҳамаи рақибони интихоботиаш пеш гузаштааст.

Рӯзи якшанбеи 10 январ дар Қирғизистон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор шуд. Интихоботи ахир баъди он эълом гардид, ки дар тирамоҳи соли 2020 интихоботи порлумонӣ боиси буҳрони сиёсӣ ва истеъфои ҳукумату президенти он кишвар шуд. Дар интихоботи порлумонии тирамоҳи соли гузашта ҳизбҳое пирӯз эълом шуданд, ки ба президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков наздик дониста мешуданд. Неруҳои дигари сиёсӣ натиҷаҳои интихоботро эътироф накарданд ва ба нишони эътироз ба кӯча баромаданд.

Дар авҷи эътирозҳо дар шаҳри Бишкек Ҷеенбеков истеъфо дод. Содир Ҷабборов аз даъвогарони асосии курсии президентии Қирғизистон шуд. Ӯро дар шаби аввали эътирозҳо, 5 ба 6 октябр ҷонибдоронаш аз зиндон озод карданд.

Ҳамроҳ бо интихоботи президентӣ дар Қирғизистон рӯзи 10 январ раъйпурсии тағйири низоми идории он кишвар низ сурат гирифт. Ба иттилои расмӣ, 81 дарсади раъйдиҳандагон шакли мудирияти президентиро интихоб кардаанд. Танҳо бештар аз 10 дарсад ба ҷонибдорӣ аз мудирияти порлумонӣ раъй додаанд. 4,43 дарсади дигар зидди ҳар ду шакли мудирият овоз додаанд.

XS
SM
MD
LG