Ин маълумотро нашрияи The Insider нашр кардааст. Юрий Ковалчук, яке аз саҳҳомони ГРМ дӯст ва ҳамсояи пешини Владимир Путин, президенти Русия аст.
Даромади Алина Кабаева, ки раисии шӯрои мудирони ГРМ-ро дар ихтиёр дорад. Зиёда аз 758 миллион рубл даромад кардани Кабаева марбут ба соли 2018 аст. Маълум нест, ки оё вай солҳои дигар ҳам ҳамин миқдор маблағ даромад кардааст ё на.
Кабаева дар соли 2014 ба мақом раиси шӯрои мудирони "Гуруҳи расонаҳои миллӣ" расид. ГРМ бузургтарин медиахолдинги хусусӣ дар Русия, ки Шабакаи панҷум, РЕН, нашрияҳои "Спорт-экспресс" ва "Известия"-ро дар ихтиёр ва дар Шабакаи аввалу СТС-и Русия саҳм дорад. Моҳи окятбр бо синамохонаи онлайнии Netflix ҳамкориро шуруъ кард.
Соли 2008 расонаҳо навишта буданд, ки президенти Русия Владимир Путин аз ҳамсараш ҷудо шуда, тасмим дорад, бо Алина Кабаева издивоҷ кунад.
Путин ва Кабаева дар бораи ҳаёти хусусии худ суҳбат намекунанд.