Ссылки доступа

Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубориза бо COVID-19 беш аз $150 млн ҷудо кард


Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар пасманзари пандемияи коронавирус барои кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 134 миллион евро (ҳудуди 159 миллион доллар) ҷудо кард.

"Ин маблағ барои қонеъ кардани ниёзмандии таъхирнопазири кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла барои тақвияти низомҳои тандурустӣ, обёрӣ, беҳдоштӣ ва ҳалли оқибатҳои иқтисодиву иҷтимоии коронавирус дар ин кишварҳо ҷудо карда шуд", - омадааст дар изҳороте, ки баъди ба анҷом расидани 16-умин ҷаласаи солонаи "ИА – Осиёи Марказӣ" зери раҳбарии намояндаи ИА дар умури хориҷӣ Жозеп Боррел нашр шуд.

Дар изҳорот қайд шудааст, ки иштирокдорони конфронси видеоӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ дар самти "тақвияти устуворӣ, шукуфоӣ, сабзгардонӣ ва корҳои барқарорсозӣ пас аз пандемияи коронавирус баён карданд".

Ҳамчунин онҳо ба зарурати пешрафт дар соҳаҳои волоияти қонун, мудирияти демократӣ, ҳуқуқи инсон, бо шумули ҳуқуқҳои асосӣ дар бахши кору баробарии гендерӣ таъкид кардаанд.

ИА моҳи июли соли равон аз тасмими худ барои кумак ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дода буд. Иттиҳод гуфт, мехоҳад барои таъмини талаботи кишварҳои минтақа 3 миллион евро ҷудо кунад. Ин пул ба сабуктар кардани оқибатҳои пандемияи коронавирус равона мешавад.

XS
SM
MD
LG