Mozilla бо нашри як изҳороти расмӣ дар сомонаи худ гуфтааст, ширкат пас аз нашри хабарҳо дар бораи тасмими мақомоти Қазоқистон барои ҷорӣ кардани "сертификати бехатарӣ" чора андешид. Ба гуфтаи ширкат, насби сертификати мазкур ба мақомоти Қазоқистон имкон медиҳад, ки маълумоти фиристодаи корбаронро рамзкушоӣ кунанд.
Дар блоги расмии Google низ изҳороти ҳамсон нашр шудааст. Ширкат гуфтааст, онҳо барои масдуд кардани сертификати бехатарии мақомоти Қазоқистон худ чора хоҳанд андешид ва корбарон эҳтиёҷ надоранд, ки дар ин замина мустақилона иқдоме бикунанд.
"Мо даст ба ин амал заданӣ набудем, вале ҳимояти корбарон ва тамомияти Интернет усули асосии мавҷудияти Firefox" мебошад", – гуфтааст сардори бахши эътимод ва бехатарии Mozilla.
"Мо барои ҳифозат аз ин мушкил чора андешидем ва дар оянда низ барои ҳифзи корбарони худ дар саросари дунё тадбир меандешем", - гуфтааст масъули умури технологии браузери Chrome.
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, насби "сертификати бехатарӣ" дар ҳамаи дастгоҳҳое, ки ба Интернет васл мешаванд, амнияти иттилоотии шаҳрвандонро таъмин мекунад. Ширкатҳои интернетрасони маҳаллӣ ба корбарон тавсия медиҳанд, ки "сертификати бехатарӣ"-ро насб кунанд, дар ғайри сурат, мумкин аст, пайваст шудан ба интернет мушкил гардад.
Бархе аз коршиносони бахши технологияҳои иттилоотӣ гуфтанд, мақомоти махсуси Қазоқистон тавассути "сертификати бехатарӣ" ба иттилои корбарон - муколамаҳо, рамзҳо, ворид шудан ба сомона ва ғайра - даст хоҳанд ёфт.