Ссылки доступа

Таъсиси гуруҳ дар WhatsApp 8 сокини Қазоқистонро ба зиндон бурд


Додгоҳи шаҳри Алматои Қазоқистон 5 август аз 9 айбдоршавандаи парвандаи "таблиғи терроризм" ва "ангехтани бадбинӣ" 8 танашонро ба муҳлати тӯлонӣ зиндонӣ кард.

Болатбек Нургалиеви 40-сола 8 сол, Ернар Самадови 39-сола 7,5 сол, Бекет Минбасови 36-сола 7 сол, панҷ гумонбари дигар Азамат Умбеталиев, Жасулан Искаков, Самад Одилов, Нозим Абдраҳмонов ва Есим Сулаймонов 5,5 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.

​Гумонбари 9-уми парванда Жулдузбек Таурбекови 40-сола, ки ӯ низ ба "таблиғи терроризм ва ангехтани бадбинӣ" айбдор мешавад, алоҳида ба додгоҳ эҳзор хоҳад шуд. Мурофиаи ӯ ба далели бад будани саломатиаш ба таъхир гузошта шудааст.

Ин 9 сокини маҳаллиро кормандони Идораи амнияти Алмато моҳи октябри соли 2018 дар асоси баёноти шаҳрванд Б. К. боздошт карданд. Шаҳрванди Қазоқистон гуфтааст, гумонбарон дар гуруҳи "Аҳли суннат ва ҷамоат" дар WhatsApp "мавзуъҳои динӣ"-ро баҳс мекарданд.

Бино ба иддаои ҷониби айбдоркунандаи давлатӣ, яке аз гумонбарон 2 декабри соли 2013 дар паёмакрасони WhatsApp гуруҳеро барои таблиғи терроризм ва ақидаҳои равияи Салафия таъсис дода, ҳамчунин 8 тани дигарро ба он шомил кардааст.

Вале бархе аз ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомоти Қазоқистон дар мубориза зидди мухолифони сиёсии худ бандҳои номафҳуми "ангехтани бадбинӣ", "таблиғи терроризм" ва "иштирок дар фаъолияти гуруҳҳои тундгаро" сӯистифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG