Ссылки доступа

Модари Ҷунайдулло Худоёров пас аз 6 соати боздошт раҳо шуд


Кормандони пулис Мавҷигул Ғарибова, модари Ҷунайдулло Худоёров, як корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар зиндон ба сар мебарад, нагузоштаанд дар мулоқот бо президент Эмомалӣ Раҳмон иштирок кунад ва ӯро боздошт карданд ва танҳо пас аз 6 соат озод намуданд.

Мавҷигул Ғарибова гуфт, ки соати панҷи субҳи рӯзи чаҳоршанбе ӯву ду тан аз наздиконашро аз миёни пешвозгирандагони президент дар шаҳраки Навободи Рашт ҷудо карда, ба идораи пулис бурданд.

Наздикони Мавҷигул Ғарибова мегӯянд, ӯ танҳо мехост аз ноҳақ зиндонӣ шудани писараш ба президент шикоят кунад. Мақомоти пулис дар ноҳияи Рашт то ба ҳол сабаби боздошти Мавҷигул Ғарибоваро шарҳ надодаанд.

Мавҷигул Ғарибова субҳи 26-уми июн гуфт, қасд дошт ҳамроҳи мардуми Рашт ба пешвози президент барояд, аммо ба хотири он, ки дар бораи фарзандаш суоле матраҳ накунад, аз сӯи мақомоти интизомӣ боздошт шуд.

Президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи душанбеи 24-уми июн бо сафари корӣ ва ҷиҳати ширкат дар тантанаҳои 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба минтақаҳои водии Рашт рафт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти президент, Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Навобод як қисми роҳи маҳаллиро баъди бозсозӣ ифтитоҳ карда, ба бунёди бинои ҷамоат санги асос гузошт. Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисҷумҳур гуфт, "мо инҷо дида истодаем, ки ҳар касе мехоҳад бо Ҷаноби Олӣ сӯҳбат кунад ва ё суолу мушкилӣ арз кунад, озодона ормонашро амалӣ мекунад".

Наздикони Мавҷигул Ғарибова мегӯянд, дар соатҳое, ки раисҷумҳур дар шаҳраки Навобод қарор дошт, ин занро мақомоти маҳаллӣ дар идораи пулис дар боздошт нигоҳ медоштанд. Мавҷигул Ғарибова субҳи бармаҳали 26-уми июн аз дохили боздоштгоҳи пулис гуфт, "ман нияти суол кардан надоштам, лекин инҳо (манзур кормандони пулис - РО) маро аз байни мардум боздошт карданд ва дар милисахона маҳкам намуданд".

Фарҳод Худоёров, фарзанди Мавҷигул Ғарибова мегӯяд, модараш ба президент мактуб дошт ва мехост онро ба Эмомалӣ Раҳмон супорад. Дар мактуби худ Мавҷигул Ғарибова навиштааст, "фарзандони ман ҳар кадоме ба алоҳидагӣ ба номи Шумо ва дигар мақомоти баландпояи давлатӣ номаҳо навиштанд, ки ба мо ёрӣ диҳед, аммо то ҳол барои озод кардани фарзанди бегуноҳи ман ҳеч амале сурат нагирифтааст".

Ин сокини Рашт дар мактубаш ҳамчунин навишт, ки писараш Ҷунайдулло Худоёров барои ифшои касоне иқдом кард, ки моли давлатро ғорат карданд. Аммо дар ниҳоят ба навиштаи хонум Ғарибова, писараш бо туҳмат ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. "Оё касе ҳаст, ки ба доди мо бирасад ва мусоидат кардаву писари бегуноҳи ман Ҷунайдуллоро озод кунад? Оё мумкин аст, ки одам бегуноҳ 5 соли ҳаёти худро дар зиндон сипарӣ кунад?"-навиштааст Мавҷигул Ғарибова.

Боздошти модари Ҷунайдулло Худоёров дар ҳолест, ки худи ӯ аз якуним сол ба ин тараф дар зиндон ба сар мебарад. Ӯ ба иттиҳоми пайравӣ аз равияи дар Тоҷикистон мамнӯи "Салафия" ба 5 соли зиндон маҳкум шуд.

Ин бори аввал нест, ки мақомоти маҳаллӣ бархе аз сокинонро пеш аз сафари президент ба минтақаҳо, барои муддати кӯтоҳ боздошт мекунанд.

Шамс Зарифов ва Ҷӯрахон Кабиров, ду марди бознишастаи деҳаи Саричашмаи ноҳияи Восеъ, ки ба гуфтаи худашон барои тантанаи ҳақиқат ва зидди фасод мубориза мебаранд, қаблан гуфта буданд, ки ин кору ҳаракати онҳо ба мақомоти маҳаллӣ "намефорад" ва барои ҳамин чанд дафъа дар остонаи сафари президент ба минтақа онҳоро ҳабс кардаанд. "Танҳо баъд аз анҷоми сафар раҳо мекунанд",- гуфтанд онҳо.

XS
SM
MD
LG