Дар ҳоли ҳозир 66%-и муҳоҷирони қонунӣ дар асоси робитаҳои хонаводагӣ ва танҳо 12% дар асоси ихтисос вориди ИМА мешаванд. Бар пояи тарҳи пешниҳодии Трамп, квотаҳои муҳоҷират барои шахсони дорои ихтисос 5 баробар бояд афзоиш дода шавад.
Низоми нав ҳангоми қабул номзадҳоро аз рӯи ихтисос, сину сол, дониш ва сатҳи донистани забони англисӣ баҳогузорӣ мекунад. Ин гуна низом дар ҳоли ҳозир дар Австралия, Канада ва Зеландияи нав амал мекунад.
Маоши миёнаи солонаи муҳоҷирони қонунӣ дар ИМА соли 2018 наздики 43 ҳазор доллари амрикоиро ташкил додааст. Бар асоси тарҳи Трамп, даромади солонаи муҳоҷироне, ки аз рӯи ихтисос ва дониш қабул мешаванд, тақрибан се баробар зиёд - 126 ҳазор доллар хоҳад буд.
Тарҳи Трамп ҳамчунин қатъи барномаи маъруфи Green Card lottery-ро низ пешбинӣ мекунад, ки ҳамасола дар асоси он ҳудуди 50 ҳазор нафар ҳаққи иқомат дар ИМА-ро дарёфт мекунанд. Ба ҷои Green Card lottery ташкили барномаи дигаре пешниҳод мешавад, ки ба маҳорати номзадҳо дар ихтисосҳои муайян авлавият медиҳад.
Тарҳи мазкурро Конгресс бояд ба тасвиб расонад. Вале раҳбарони Ҳизби демократ дар Конгресс тарҳи Трампро ҳанӯз пеш аз муаррифияш рад карда буданд. Раҳбари демократҳои Сенат Чак Шумер онро "ғайриҷиддӣ" номид. Ба гуфтаи коршиносон, эҳтимоли ба созиш расидани маъмурияти Трамп бо демократҳо дар робита ба ин масъала, ба хусус пеш аз интихоботи президентӣ хеле кам аст.